Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 131 ҳазору 101 нафар ба Covid-19 мубтало шудаанд ва шумори умумии сироятёфтагон ба 44 миллиону 774 ҳазору 241 нафар расидааст. То кунун бар асари коронавируси нав дар кулли кишварҳои олам 1 миллиону 179 ҳазору 224 нафар фавтидаанд. То кунун аз ин беморӣ 32 миллиону 727 ҳазору 138 нафар пурра муолиҷа шуда, ҷон ба саломат бурдаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз марги 82 нафар ва муолиҷаи 10070 (92,4%) нафар аз КОВИД-19 хабар дод. Шоми гузашта ин манбаъ аз ошкор шудани 41 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус иттилоъ дод ва гуфт, ки шумори умумии мубталоён дар кишвар ба 10900 расидааст.
ИМА ва Ҳинд бо доштани то беш аз 9 миллион мубтало ба коронавирус ҳамоно дар ҷаҳон дар ҷойи авваланд. То кунун аз ин вирус дар ИМА 233130 ва дар Ҳиндустон 120563 нафар фавтидаанд.
Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Австралия дар минтақаи Уқёнуси Ором аз манотиқе маҳсуб мешаванд, ки сатҳи сироят ба коронавирус хеле пасттар аст.
Кишварҳои Аврупо яке паси дигар тадбирҳои шадидтари карантинӣ дар мубориза бо КОВИД-19 ҷорӣ мекунанд.
Президенти Фаронса Эмануэл Макрон ахиран аз эълони инзивои умумиллӣ дар кишвараш хабар дод. Дар Фаронса равуои одамон аз минтақа ба минтақаи дигар манъ мешавад.
Сарвазири Олмон Ангела Меркел низ аз ҷорӣ шудани инзиво (локдаун) ба муддати чор ҳафта, аз 2 ноябр хабар дод.
Дар Ҷумҳурии Чех қуюди шабгардӣ ба иҷро даромад. Акнун дукону мағозаҳо аз соати 20:00 баста мешаванд, баъди соати 21:00 танҳо барои рафтан ба кор, кумаки фаврии тиббӣ ва ё ба сайр бурдани саг иҷозат аст.
Вазъи эпидемиологӣ дар иртибот ба авҷи коронавирус дар Шветсия рӯз ба рӯз бад мешавад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 16 202 нафар сироятшудаи нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар 24 соати сипаришуда дар ин кишвар аз коронавирус 346 нафар ҷон бохтаанд.
Қазоқистон аз сирояти боз 148 нафар хабар дод. Ин кишвар дар шохиси кишварҳои сатҳи сирояташон ба коронавирус боло дар ҷойи 45 мебошад.
Дар Қирғизистон боз 538 нафар чун мубталои нав сабт шудаанд.
Дар Ӯзбекистон шумори сироятёфтагон ба 66 141 нафар расида, то кунун аз COVID-19 558 фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар Ӯзбекистон то кунун 4,2 миллион нафар аз тести коронавирус гузаштаанд.