Мулоқоти судманд. Дар Раёсати КҲФ дар бораи пешгирӣ аз коронавирус суҳбат карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Раёсати таъминоти техникӣ, озуқа ва нақлиёти КҲФ мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба мутахассисон дар бораи таърихи пайдоиши бемории сироятиии КОВИД-19, роҳҳои сирояти он ва пешгирӣ аз он нақл намуданд. Ҳамзамон бо ин барои пешгирӣ аз густариши коронавирус тавсияҳои муфид доданд. 

Дар поёни мулоқот ба кормандон варақаҳои таблиғотӣ ва тавсияномаҳо барои эҳтиёт аз сироят ба коронавирус -2019-CoV тақсим намуданд.

барчасп: