Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо муддати як ҳафта бо риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ дар қаламрави кишвар як силсила тадорукот, “мизҳои гирд”, мулоқотҳо, дидорҳои телевизионӣ, радиовикторинаҳо, тамринҳо гузаронида хоҳанд шуд, ки имкон хоҳанд дод огоҳиҳои сокинонро ба омодагӣ дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода боло бараанд.
Аз соли 1989 тибқи қатъномаи Ассамблеяи генералӣ ҳар сол 13 октябр чун Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо таҷлил мешавад. Ҳадафи он беҳтар кардани сатҳи огоҳиҳои мардум дар бораи он тадбирҳоест, ки барои коҳиши хатари офатҳо роҳандозӣ мешаванд.
Ин тадбирҳо аз охири ҳафтаи гузашта миёни КҲФ, вазорат ва идораҳо, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмилалӣ оғоз гардида буданд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барномаи телевизионие таҳия ва пахш карданд, ки дар он мутахассисон дар бораи фаъолиятҳои КҲФ дар 9 моҳи сипаришуда, корҳои таблиғотии роҳандозишуда ва корҳое, ки оянда баргузор мешаванд, нақл карданд.
Маврид ба зикр аст, ки барои кишвари мо Рӯзи коҳиши хатари офатҳо ин баҳонаи хубест ҷиҳати ҷалби диққати аҳолӣ ба масъалаҳои офатҳо ва ҳолатҳои фавқулода.
Офатҳои табиӣ хатари бузурге ба рушди кишварҳо ва минтақаҳо доранд ва омода будани аҳолӣ барои вокуниши саривақтӣ боиси он мегардад, ки хатар ва зарар аз он коҳиш ёбад.