Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Анҷом

Адмирал аз Доминик ба Эспанола равон шуд ва дар роҳ ҷазираҳои зиёдеро кашф кард. Бисёри онҳо имрӯз ҳам номҳоеро ҳифз кардаанд, ки Колумб дода буд: Гваделупа — ба шарафи ибодатгоҳи машҳури Испания Марияи Муқаддас дар Гвадалупа, Монсеррат — ба ифтихори ибодатгоҳ дар Каталония, Сан-Кристобал — ба шарафи ҳокими Колумб, Христофори Муқаддас, ки баъдан онро инглисҳо ишғол карданд ва номашро ҳамон гуна Сент-Кристофер гузоштанд.

Дар қиёс ба сокинони Эспанола дар Антили Хурд (номи маымуъае дароз аз ҷазираҳои оташфишонии камонишакл дар Нимкураи Ғарбӣ) кабилаҳои ҷангҷӯ мезистанд ва онҳо ҳамвора ба ҳамсоягони сулҳҷӯи худ ҳисси тарсу ноҷӯрӣ меоварданд. Колумб онҳоро одамхӯрон унвон кард ва ин истилоҳ аз он замон барои қабилаҳое гуфта мешуд, ки ваҳшӣ ва одамхӯранд. Баъди кашфи калонтарин ҷазира Пуэрто-Рико Колумб ба Эспанола омад. Дуюмин гузариш ба Атлантика бо ҳамин ба анҷом расид. Адмирал бори дигар исбот кард, ки дарёнаварди машҳур ва донишманду ҳушманд аст. Сафарҳои баҳрии вай бе талафоти ҷонӣ анҷом шуданд. Вай чандин моҳро дар Эспанола гузаронд ва баъдан бо се каравелла ба самти соҳилҳои ҷанубии Куба, ки барои аврупоиён ҳоло кашфношуда ва номаълум буд, равона гардид. Вай Чинро меҷуст. Аммо ин сафар мушкилоти бештар дошт, одамонро хаста кард. Киштиҳо пайваста дар оҳак дар мемонданд, захираи ғизову оузқа ба охир мерасид. Аз ин рӯ  то ба охири қисмати ғарбии ҷазира нарасида, Колумб ақиб гашт, зеро ҳамоно ба ин бовар буд, ки Куба бахше аз қораи Осиёст. 

Вақте ба Эспанола баргашт, муддати якуним сол он ҷо монд: дар аввал шадидан бемор шуд ва баъе, ки шифо ёфт ба қароре омад, ки ба кашмакашу ҷанҷол миёни ишғолгарон хотима бахшад ва ҳиндуҳои ҷазираро, ки аз зулми испаниҳо ба дод омада буданд, ором созад. Соли 1496 вай ба Испания баргашт. 

Ин бор вай бо меҳрубонӣ, вале сард пазироӣ шуд: тилло қиёсан камтар пайдо карда буданд, заминҳои тозакашф умедҳоро бароварда насохта буданд ва боз ин ки хонаводаи шоҳ корҳои муҳимтари дигар дар пеш дошт. Аммо иттилои расида аз гумоштаҳои пинҳонӣ аз Португалия дар мавриди экспедитсияи бузург дар ҷустуҷӯи Ҳинд гирдогирди Африқо ногаҳон имкониятҳои Колумбро афзуданд: ҷазираҳои кашфкардаи вай ҳоло остонаи Ҳинд буданд ва агар чунин аст, пас бояд як бори дигар кӯшид, то аз португалиҳо пештар гом зад. Масъалаи сафари сеюми баҳрӣ ҳал шуд. Ҳадафи он пайдо кардани қорае буд, ки ба ақидаи Колумб дар ҷануб ва ё ҷанубу шарқи ҷазираҳои Антил ҷойгир буд. Аммо ба Колумб муяссар нашуд, ки аз португалиҳо пеш гузарад: вақте 30 майи соли 1498 се киштии вай  аз Санлукар шино карданд, Васко да Гама дар Коликути Ҳинд (номи талаффузии наздик ба Кожикуд, шаҳре дар иёлоти Киролои Ҳиндустон) қарор дошт. Колумб ин бор хеле ҷанубтар шино кард, чун аз ҳиндуҳо дар бораи заминҳои доманфарох шунида буд ва чунин меҳисобид, ки шояд ҳамаи тилло ва сангҳои гаронбаҳо дар кишварҳои иқлимашон гарм мутамарказ шуда бошанд.


Халиҷи Пария.

Киштиҳо муваффақона аз уқёнус гузаштанд ва аз он сӯ се кӯҳ намудор шуд ва онҳоро кӯҳҳои Сегона номиданд. Ва рӯзи дигар Колумб ва ҳамроҳонаш қитъаи Амрикои Ҷанубиро диданд. Гардиши он  халиҷе бо номи Пария буд. Ҷазираи    Тринидад ин халиҷро аз уқёнус ҷудо мекард ва танҳо ду гулӯгоҳи танге боқӣ мегузошт. Киштиҳои хурдтар аз ин ду гулӯгоҳ бемамониат ва беосеб мегузаранд, танҳо замоне, ки оби халиҷ ором бошад. Колумб вориди халиҷ шуд, аммо оби ба туғён омдааи он киштии ӯро ба ҳаво бардошт ва баъд ба поён партов кард. Адмирал саросемавор киштиҳоро  дуртар буд ва ин гулӯгоҳи хатарнокро Бока-де-ла Серпе номид. Гулӯгоҳи дуюм беҳтар аз аввалӣ набуд ва онро Бокас-дел-Драгон номид.

5 август Колумб бори аввал ба қора фуруд омад. Вай соҳилҳои халиҷи Парияро аз назар гузаронида ва кашф кард, ки оби он нӯшокист ва ба хулоса омад: ба ин хариҷ аз ҷанубдарёи серобе ҷорист. Ва ин гуна арё наметавонад дар ҷазирае бошад, пас ин қораи бузургест.

Аз Пария Колумб ба самти ғарб ҳаракат кард ва ба зудӣ каме дуртар аз қора ҷазираеро кашф кард бо марворидҳои фаровон ва онро Маргаритта – Марворид номид. Агар ин ҷо боқӣ мемонд вай хеле ба зудӣ сарватманд мешуд, вале адмирал ба Эспанола бозгашт ва аз он ҷо ба самти шимолу ғарб ҳаракат кард. Киштиҳо 31 август аз баҳри кариб гузаштанд ва ба Сант-Доминго расиданд. Ин шаҳр он замон пойтахти заминҳои онсӯиуқёнусии Испания эълон шуда буд.

Сафари сеюм бо ҳамин ба анҷом расид. Натиҷаи ниҳоии он кашфи қараи Амрико Ҷанубӣ буд. То бозгашт ба Испания боз ду соли дигар вақт буд, вале ин ду солро Колумб бидуни сафаре дар Эспанола пушти сар намуд ва ишғолгарони балвогарро водор ба таслим шудан кард. Обрӯи Колумб чун ҳоким поин рафт. Муфаттише, ки аз испания омада буд, маълумотҳои пинҳонии зиёде дар бораи Колумб дастрас кард ва билохира ӯро дастгир намуд ва чун ҷинояткор ба Испания фиристод. Аммо соли 1500 Колумб пурра сафед шуд, вале хориву зарӣ ва таҳқири худро дигар ҳаргиз фаромӯш накард.

Вай барои сафари чоруми баҳрӣ иҷозат гирифт. Танҳо мехост ин бор хати ҳаракат аз Куба, ки соли 1494 оғоз карда буд, идома диҳад ва аз ин роҳ ба Ҳинд расад. Ин андешаи сафари гирди олам аз тариқи обҳои уқёнус буд. Вале мутаассифона амалӣ нашуд: роҳи ғарбӣ ба самти Ҳинд бо хушкии зиёд баставу роҳи он танҳо баъди 14 соли марги адмирал пайдо шуд. 

9 майи соли 1502 чаҳор каравелла Кадисро тарк карданд ва бо гузар аз Атлантик аз Эспанола, Ямайка ва Куба гузаштанд ва баъдан ба самти ҷанубу ғарб рӯ оварданд ва ба қора ворид шуданд. Ин ҷо лот (умқсанҷ, дастгоҳе, ки бо он умқи оби баҳру дарёро месанҷанд. Дар замони Колумб ин як ресмони одие буд дар як ашёи вазнин басташуда) ҳатто дуртар аз соҳил ба қаър нарасид ва Колумб ин ҷоро Ондурас (Гондурас) номид, ки баргардони он аз испонӣ “қаър” мешавад. Аз ин ҷо дар ҷустуҷӯи гулӯгоҳе, ки замоне Марко Поло аз Чин ба Ҳинд рафта буд, Адмирал дар имтидоди соҳил ба самти ҷанубу шарқ равон шуд. Моҳҳои баъдии сафар муборизаҳои тӯлониву мушкил бо ҳавои тағйирёбандаву бодҳои мухолиф гузаштанд. Тӯфон моҳҳо хомӯш намешуд, одамон ба ҳадде хаста шуда буданд, ки орзуи марг мекарданд. Адмирали бемор киштиро аз айвоне дар саҳни киштӣ идора мекард. Вай хуб медонист, ки дар чунин ҳаво набояд аз соҳил дур шуд: Колумб аз он метарсид, ки агар дур равад, халиҷро намебинад. Нияти ист дар резишгоҳи як дарё номуваффақ анҷомид. Ҳиндуҳо фаҳмиданд, ки испониҳо мехоҳанд ин ҷо дурудароз макон кунанд, даст ба амалиёти ҳарбӣ заданд. Колумб ногузир шуд як киштиро раҳо кунад. Бо вуҷуди мушкилоти фазоянда ба вай муяссар гардид, ки  наздик ба 2 ҳазор км соҳили Амрикои Марказиро кашф кунад ва қад-қади гардана то халиҷи Дарйенск расад. Дар роҳ Колумб аз ҳиндуҳо дар бораи баҳри дигаре шунид, ки каме дуртар аз ин гардана воқеъ аст, вале дигар пайи ҷустуҷӯи он нашуд ва бо ин имкони аввалин кошифи уқёнуси Оромро аз даст дод.  Эътирозҳои дохилӣ ва хастагии маллоҳон Адмиралро водор кард, ки ақиб гардад. Дар ин ҳол вақте ду каравеллаи дигар ҳам ба Ямайка расиданд, онҳо ба ҳадде кирмхӯрда шуда буданд, ки дарбеҳашон ба қавли Колумб ба хонаи занбӯр монанд шуда буд. Зарур омад, ки муддате дар Ямайка боқӣ бимонанд ва одамонро бо заврақ ба Эспанола фиристад ва кӯмак хоҳад. Вале губернатор барои ба адмирал расонидани ёрӣ талош намекард, моҳҳо пайи ҳам мегузаштанд ва ҳиндуҳо низ дигар камтар кумаки ғизоӣ мекарданд. Дар ҳамин гуна ҳолати ноумедӣ ба Адмирал ҷадвали ситорашиносие, ки дар ихтиёр дошт, ёрӣ расонд. Вай аз ин ҷадвал гирифтани Моҳро пайдо кард. Колумб қабл аз ин сарвари ҳиндуҳоро даъват кард ва гуфт, ки Худованд Моҳро мепӯшад, зеро аз меҳмоннавозии ҳиндуҳо ба ғазаб омадааст. Ин хурофот кор дод ва вақти гирифтани моҳ ҳиндуҳо ҳамагӣ ба назди Адмирал омаданд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки Моҳро ба онҳо баргардонад ва ӯ дар навбати худ ба онҳо гуфт, ки талошҳояш самара доданд ва ҳоло Моҳ баргардонида мешавад. Аз он замон дигар испониҳо гурусна намемонданд ва каме баъдтар кумаки деринтизор ҳам расид. Моҳи ноябри соли 1504 баъди якуним соли шино дар обҳои озод ва соле будубош дар Ямайка Колумб ба Испания баргашт

Колумб натиҷаи ин сафарашро муаффақ арзёбӣ мекард ва аз чор сафари қаблӣ ин сафар ғанитар буд, саргузаштҳои зиёд дошт, мушкилоти зиёдро таҳаммул карданд, вале аз он норозӣ буд, ки гулӯгоҳеро, ки ба Ҳинд бояд барад, пайдо накард. Ҳарчанд аз ҳама сафарҳо ин сафар мушкилтарин буду Адмиралро бештар аз пештар хаставу ранҷур ва бемор кард.  

Соли 1506 Колумб дар Валядолид вафот кард. Вопасин лаҳзаҳои ҳаёт ва гусел ба роҳи охирати дарёнаварди машҳур номаълум гузашт, канори вай танҳо наздиконаш буданд ва рӯзи вопас тобути вайро танҳо чанд нафар мебурданд. Сарнавиш ин марди ҳамеша дар сафарро ҳатто баъди маргаш низ ором нагузошт.  Баъдтар турбати ӯро  аз Валядолид ба яке аз ибодатгоҳҳои Севил (шаҳре дар ҷануби Испания) оварданд. Дар миёнаҳои асри XVI бошад турбати Адмирал ба Эспанола бурда шуд ва дар шаҳри Сан-Доминго оромиш ёфт.  Баъди ду аср испониҳоро лозим омад тарки Эспанола кунанд ва дар натиҷа турбати Колумб ба Куба, ба шаҳри Гаванна интиқол ёфт. Он замон Куба ҳоло мустаъмараи Испания буд, вале соли 1898 лозим омад Испания онро низ аз даст диҳад ва турбати Адмиралро дубора ба савмааи Севил оварданд, ки то ҳол он ҷост.

Шахсе, ки 500 сол пеш бузургтарин ковишҳои ҷуғрофиро анҷом дод ва дар таърихи башарият бузургтарин қитъаҳои олам ва кишварҳоро кашф кард, мавриди таваҷҷӯҳи на ҳамзамононаш қарор гиифт ва на баъдинаҳо. Аз ин рӯ, бисёр аз ҳолатҳои зиндагонии май муаммобарангезанд, бахусус шахсияти адмирали маъруф. Дар ҷараёни сафарҳои баҳрии худ Колумб ҳам маллоҳ буд ва ҳам олим, ҳам кишваркушо ва ҳам ҳоким ва ниҳоят зоҳид ва баргузидаи Худованд. Волидонаш ӯро ба ифтихори Христофори Муқаддас чунин номида буданд, вале ҳеч замоне вай ходимии калисоро накардааст. Вале ҳамеша бар ин назар буд, ки ин хости Худованд буд, ки масеҳиятро аз уқёнус ба уқёнуси дигар барад ва ин дин дар олам пирӯз шавад. Ҳамин эътиқод умре вайро ҳамроҳӣ мекард, ҳатто дар ҳолатҳое, ки умеде ба зинда мондани ӯ ва ҳамроҳонаш набуд, эътиқод ба Худованд вайро роҳи наҷот дод. 

Тӯли солҳои дароз ҳамеша дар талоши кашфи эҳтимолии заминҳои нав буд, вазифаи ноиби шоҳро иҷро менамуд, вале чун ҳоким аслан ифтихороте надошт. Вай одамонро хуб намедонист, одамшинос набуд ва наметавонист мавқеъи худро чун ҳоким мустаҳкам созад.


Пайкараи Колумб дар Барселонаи Испания

Аз Колумб ҳамон ҷасорату мардонагӣ, қотеъият дар ниятҳо боқӣ монд. Чуноне аз тарҷумаи ҳолаш ҳам хондем, барои арсидан ба ҳадафҳо вай чӣ азобу азият кашид, зери бори тӯҳмат ҳам монд, зиндонӣ ҳам шуд, вале аз роҳаш пас нагашт. Ва ягон унвоне барояш чун унвони Адмирали баҳру уқёнус арзишманду маҳбуб набуд. Дар адмираливу дарёнавардӣ вай ҳамсони худро намедонист ва касе ҳам ба вай баробар нашуд. 

Аммо баъди маргаш бо талоши ҳамнгинону шогирдон ва пайравонаш харитаи олам пайваста дар ҳоли дигаргуниву навоварӣ мешуд. Ва овозадортарин қитъаи олам, ки Колумб кашф кард, ин Амрико буд. 

Баъди Колумб

Баъд аз сари Колумб испониҳо чун дигар аврупоиёни он замон қудратманд ба сари аҳолии мулкии қитъаи Амрико чӣ мусибатҳое наоварданд. Аз Эспанола ба Испания тилло меомад ва аз соҳили Марворид корвонҳои марворид. Дар Ҳинди Ғарбӣ садҳо нафар хоҳишманди он буданд, ки дар ҷустуҷӯи сарват ба қораи Амрико сафар кунанд. Аз соли 1502 испониҳо ба ҷазираҳои Антил кӯч бастанд. Ва террори воқеъии бумиёни ин минтақа оғоз гардид. Онҳое, ки Колумб ва ҳамроҳонашро дар 5 сафари тӯлонии баҳрӣ нону намак дода буданд, қатли ом шуданд. Соли 1515 аҳолии бумии Ҳоитӣ камтар аз 15 ҳазор нафар монд ва дар миёнаҳои асри 16 онҳо пурра нобуд шуданд ва ҷояшонро испониҳои гирифтанд. Ба Эспанола бардаҳоро аз ҷазираҳои Антили Хурд ва “ваҳшиёнро” аз Куба, Ямайка ва Пеэрто-Рико меоварданд. Вақте аҳолии мулки комилан нобуд гардид, шикору таъқиби ғуломон дар Амрикои Ҷанубӣ оғоз шуд ва баъдан онҳоро аз Африқо меоварданд. 

Пайвандони Колумб


Диего Колон ва Фердинанд Колумб-писарони Христофор Колумб

Христофор Колумб ду писар дошт, ки яке аз ҳамсари никоҳии ӯ бо номи Диего Колон (1479—1526) ва дуюмӣ аз ҳамсари ғайриникоҳии вай бо номи Фернандо Колумб (1488-1539). Диего Колон чорумин ноиби шоҳи Испания буд, Фернандо нависанда шуд ва муаллифи зиндагиномаи муфассали Колумб низ ӯ буд.

Баъди марги падар онҳо хеле одамони доро шуданд ва аз сармояҳои падарашон фоидаҳои зиёд ба даст меоварданд.   

(Поёни қиссаи “Фоҷеаи адмирали баҳру уқёнус”)

Таҳияи Б. Шафеъ

МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: