Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши дуюм

Аз тарси рақобат бо кишварҳои дигар португалиҳо маълумотҳои ба дастомада аз сафарҳои бешумори баҳрии худро пинҳон нигоҳ медоштанд. Аз кишвар берун бурдани харитаҳо бо маълумотҳои наву тоза манъ буд ва фош кардани ҳама гуна асрор дар ин бора ҳукми қатл дошт. Ин тадбирҳо ҳатто боиси он ҳам шуданд, ки кушоишҳои муҳиме ҳам аз назари муосирон ва муаррихон пинҳон монданд.

Кард да Гама ба рӯйи баҳрҳо,

Чун ҳубоби хонабардӯше шино.

Мирзо Турсунзода

Сутунҳо дар соҳилҳои Африқои Ҷанубӣ

Солҳои 1470—1473 португалиҳо шимоли соҳилҳои халиҷи Гвинеяро кашф карданд. Номе, ки онҳо ба баъзе маконҳо доданд (баъзеи онҳо то замони мо низ боқӣ мондаанд) шоҳиди ҳоланд: Соҳили Оҷ (фаронсавӣ Côte d'Ivoire-кишваре дар ғарби Африқо, ки пойтахти кунунии он Ямусукро мебошад. Дар асри 15 Соҳили Оҷ мавриди таваҷҷӯҳи бозагонони португалӣ ва фаронсавӣ қарор гирифт ва онҳо дар ҷустуҷӯи оҷи фил ва тиҷорати ғуломон қарор гирифта буд. Дар бархӯрд миёни фаронсавиҳо ва португалиҳо барои ба даст овардани ин соҳили пурдаромад, фаронсавиҳо ғолиб омаданд ва ин кишвар то соли 1960 мустаъмараи Фаронса буд. Ҳоло он  расман «Кот-д’Ивуар» номида мешавад), Соҳили Тиллоӣ, Соҳили Бардаҳо. Аммо  баъдан португалиҳоро ҳисси ноумедӣ фаро гирифт: хати соҳил бори дигар ба самти ҷануб рӯ овард. Вале дар даврони салтанати шоҳ Жоанаи II, ки кашфиётҳои географиро муҳимтарин кор медонист, комёбиҳои португалиҳо дар Африқо вусъати тоза ёфт. Диогу Кан (порт. Diogo Cã – баҳрнаварди португалӣ) дар ду экспедитсия  ду қитъа замине, ки беш аз 2500 км масоҳат дошт, кашф кард. Вай резишгоҳи бузурги дарёи Конгоро пайдо намуд ва ба Намибия расид.

Шурӯъ аз сафарҳои баҳрии Кан португалиҳо дар минтақаҳои муҳими кашфкардаи худ сутунҳои сангии бузург мезаданд. Ба қисмати болоии ин сутун салиб зада мешуд ва дар куби сангӣ, ки тасвири нишони давлатӣ дошт аз як тараф номи шаҳи Португалия ва аз тарафи дигар исми баҳрнавард ва таърихи  кашфи замин ҳаккокӣ мешуд.  Ин сутунҳо нишоне барои баҳрнавардони оянда буданд ва аз сӯи дигар аввалияти Португалияро дар маконҳои тозакашф ба намоиш мегузоштанд. Аз сӯи дигар, ин сутунҳо рамзи масеҳият ва даъвати бутпарастон ба оини масеҳӣ низ буд. Баъзе аз ин сутунҳо дар асри ХХ ҳам дар Африқо дида шудаанд ва онҳо толорҳои баъзе осорхонаҳои оламро зеб додаанд. 

           

Бартоломеу Диаш-ҷаҳонгард Киштии Диаш

 ва кашшофи португалӣ.

Вазифаи аз ҷануби қораи Африқо пайдо кардани роҳ ба Ҳинд дар назди экспедитсияи Бартоломеу Диаш, ки моҳи августи соли 1487 ба сафари баҳр баромад, гузошта шуд. Дастаи киштиҳои ӯ аз ду каравелли хурд ва киштии азими боркаш бо захираи хӯрокворӣ, силоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ барои таъмири киштиҳо иборат буд. Баъди чор моҳи хуруҷ аз Лиссабон Диаш ба сутуни охирине расид, ки онро Кан гузошта буд ва аз он ба самти ҷануб ба роҳ идома дод. Тӯфони оғозшуда киштиҳои Диашро ба дохилтари уқёнус бурд, соҳил аз назарҳои ғоиб гашт.

Вақте тӯфон хомӯш шуд, Диаш гумон кард, ки қора чун пештар аз шимол ба самти ҷануб меравад ва фармон дод, ки ба самти шарқ шино кунанд, то дубора ба соҳил расанд. Чанд рӯз гузашт, аммо аз замин нишоне ба назар намерасид. Диаш киштиҳоро ба самти шимол гардонд ва хеле ба зудӣ дар уфуқ кӯҳҳо намудор шуданд. Маълум гардид, ки ҳангоми тӯфон киштиҳо аз наздикии гардиши хати соҳилӣ ба шарқ тоб хӯрдаанд. Вақте ба шарқ рӯ оварданд, онҳо қариб буд, ки қораро аз ҷануб убур кунанд. Ба соҳил расида, киштиҳо ба ҷануб ҳаракат карданд. Аммо дар ин миён киштии боркаш ҳангоми тӯфон қафо монд ва акнун барои киштиҳои дигар роҳандозии корҳои таъмир амалан номумкин шуд. Маллоҳони хасташуда даст ба исёну балво заданд ва аз капитан талаб карданд, ки фавран ба Португалия баргардад. Диаш илоҷи дигаре надошт, вале бо ошӯбгарон ба мувофиқа расид, ки киштӣ боз ду рӯзи дигар ба шарқ шино мекунад ва баъди он пас мегардад. Дар ин муддат вай ба маконе расид, ки соҳил ба самти шимол давр хам мехӯрд. Пеши чашми маллоҳон уқёнуси Ҳинд намудор шуд. Дар соҳил сутун зада шуд ва Диаш ба масири бозгашт идома дод.

 

Димоғаи Умеди нек

Баъди муддати димоғае кашф шуд, ки бо зебогӣ ва назокати худ маллоҳонро мафтун кард. Диаш онро Тӯфонӣ номид, вале баъдан он Димоғаи Умеди нав ном гирифт. Умед ба пайдо кардани роҳи баҳрӣ ба самти Ҳинд. Моҳи декабри соли 1488 киштиҳо ба Лиссабон баргаштанд.

Шоҳ Жоани дуввум бо омодагии ҷиддӣ барои расидан ба Ҳинд аз тариқи африқо Диашро дубора бо киштиҳо ба Шарқ равон кард. Ҳамзамон кормандони бахши иктишоф дар хушкиро низ равона сохт. Яке аз онҳо Перу ди Ковилян буд, ки худро бозаргон вонамуд сохта вориди Ҳинд шуд  ва ҳар маълумоте, ки дар бораи ин кишвар ба даст овард, ба шоҳ дод. Дар роҳи бозгашт вай ба Эфиопия ворид шуд ва ногузир буд то охири умр он ҷо бимонад, то абад асири фахрии шоҳи Эфиопия монд. Маълумоти Ковилян барои омода намудани аввалин сафари Васко да Гама ба Ҳинд истифода шуд.

 

Таҳияи Б.Шафеъ

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

 

Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ

Аввалин русиёӣ дар Ҳинд. Афанасий Никитин кӣ буд?

Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши аввал

Давраи кушоишҳои бузург, яъне чӣ? Бахши дуюм

Португалиҳо дар роҳ ба сӯи Ҳинд. Аз Ҳенрӣ Дарёнавард то Васко да Гама. Бахши аввал