Рӯзи дигар роҳи гузариш аз сахраҳои азимро пайдо карданд ва Колумб тантанавор ба аввалин замини кушод фуруд омад, вай ба ин бовар буд, ки ба Ҳинд наздик шудааст. Сокинони бумиеро, ки ба макони фуруди киштиҳо омада буданд, ҳиндуҳо номид ва онҳо аз он замон то ба имрӯз бо ҳамин ном шинохта мешаванд. Худи заминеро, ки дар он фуруд омада буданд ва бахше аз ҷазираи Багома (инг. The Bahamas – кишварест инглисизабон ва шомили беш аз 700 ҷазираи хурду бузург ва ду ҳазор обсангҳои марҷонӣ дар уқёнуси Атлас, ки дар шарқи Флоридои Амрико ва дар шимоли Куба ҷой гирифтааст) буд, Колумб Сан-Салвадор (San Salvador пойтахти имрӯзаи давлати Салвадор) -“Наҷотдиҳандаи Муқаддас” номид. Дар ҳамин рӯз ду оламе бо ҳам ошно шуданд, ки то кунун аз мавҷудияти якдигар аслан хабар ҳам надоштанд.
Киштиҳои Колумб аз ҷониби ҳиндуҳои қора ба хушӣ пазируфта шуд ва бимиён аврупоиҳоро фиристодагони Худо медонистанд ва ба ин боварашон эътиқод доштанд. Аврупоиён дар чеҳраи сокинони бумии Амрико кӯдакони содаву наҷиби табиатро медиданд, ки гӯиё дар асри тиллоӣ мезистанд. “Онҳо моро даъват мекарданд ва ҳар чизе дар бисот доштанд, рӯи дастурхон меоварданд, суханони саршор аз муҳаббат мегуфтанд, ба назар мерасид омодаанд қалбашонро ҳам ба мо диҳанд”,-навишта буд Колумб.
Аз Сан-салвадор киштиҳо ба самти ҷанубу ғарб ҳаракат карданд. Колумб Ҷопонро меҷуст вай ба ин бовар буд, ки ин кишвар аз ин макон чандон дур нест. Сари роҳ вай чандин ҷазираро аз зумраи ҷазираҳои Багон кашф кард ва ба ҷазираи Куба ворид шуд. Замини ин қитъа ба зебогии табиати худ баҳрнавардонро ба ҳайрат овард ва дар назараш он ба сони биҳиште намудор шуд, вале афсӯс, ки он комилан ба Ҷопон шабоҳат надошт.
Сафироне, ки ба дарунтари ҷазира эъзом шуданд, на шаҳрҳои азимро пайдо карданд ва на марворид, на ибодатгоҳҳое, ки бо тилло пӯшида шудаанд. Аммо замони бозгашт онҳо бо ҳиндуҳое вохӯрданд, ки сарашонро бо алафе пӯшида буданд, аз дуди он озодона нафас мекашиданд. Ва бори аввал аврупоиён дар бораи тамоку иттилоъ пайдо намуданд. Бо гузар аз имтидоди соҳилҳои Куба Колумб ба ҷазираи калони дигаре фуруд омад, ки ӯро мафтун кард. Бо дидани азамату бузургӣ ва зебогии ин ҷазира ва монандии вай ба заминҳои Испания онро “Ла Исла Эспанола” (“Ҷазираи Испания”) номид ва ҳоло ин ҷазира Ҳоитӣ ном дорад. Колумб аз ин ҷазира чунон ситоиш мекард, ки болотару беҳтар аз он суханоне буданд, ки дар мавриди ҷазираи Куба гуфта буд. Дар идомаи роҳ ҷазираи Тортугуро кашф карданд ва ин ҷазира дар оянда ба макон ва паногоҳи роҳзанҳои баҳрӣ тадбил шуда буд. Аммо шаби 25 декабр ҳодисаи нохӯш рух дод: “Санта-Мария” дар торикшаб шадидан ба як сахраи азим бархӯрд ва дигар натавонистанд онро аз ҳалокат наҷот диҳанд. Зеро киштии “Пинта” аз назари Колумб пештар ғайб зад ва дар ихтиёри вай танҳо “Ниня”-и хурдакак боқӣ монд, ки наметавонист ҳамаи маллоҳонро дар худ ғунҷонад. Дигар ҷойи андешаву тафаккур набуд, мебоист ба ҷустуҷӯ идома медоданд.
Ба боқимондаи киштии шикаставу нобудшуда ҳисоре сохтанд ва 39 нафар маллоҳон дар он монданд. Колумб бо “Нинйе” ба роҳаш идома дод ва ногаҳон дар назикӣ бо “Пинта” дучор омад, ки муддати се ҳафтаи охир тани танҳо дар обҳо шино мекард. Ду каравелла (истилоҳест, ки ба киштиҳои бодбондори испониву португаӣ гуфта мешуд) ба самти шимолу шарқ ҳаракат карданд ва зарфи ду ҳафта ба ҳамон самт дар ҳоли ҳаракат буданд ва баъдан онҳоро Колумб ба самти шарқ гардонд.
Нусхаи киштии Колумб “Санта-Мария”
Интихоби хати ҳаракат бори дигар аз қобилияти Колумб чун баҳрнаварди моҳир дарак дод. Вай бори дигар аз ҷараёни мувофиқ истифода кард. Аммо дар идомаи роҳ санҷиши сахту даҳшатноке баҳрнавардонро интизор буд. Дар ҷазираҳои Азов киштиҳо ба ҳавои номусоид рӯ ба рӯ шуданд. Зимистон буд ва сардиҳои он чун сардтарин фасл вориди таърих шуд. Дар он сол садҳо киштиҳо ғарқ шуданду аз бодҳои сарду сахт ва бархӯрд ба сахраҳо шикастанд. Ҳатто дар Лиссабон он сол бӯрон як моҳ ба киштиҳо имкони хуруҷ аз бандар надод. 12 феврал киштиҳои Колумб ҳам ба тӯфон печиданд ва баъди ду рӯз онҳо ҳамдигарро гум карданд.
Камбуди сарбории киштӣ (боре, ки мувозинати киштиро нигоҳ дорад) бештар хатар эҷод мекард. Колумб ин мушкилро дар аввалин фурсати муносиб ҳалл кард: вай ба бушкаҳои холӣ оби баҳр пур кард. Аммо тӯфон шиддат мегирифт ва Колумб ҷиддан нигарон шуд, ки каравеллаҳо шикаставу нобуд мешаванд ва Аврупо аз кашфиёти бузурги вай бехабар мемонад.
Барои он ки заҳамоташ бенатиҷа намонанд ва оламиён аз талошҳои ӯву ҳамсафаронаш ва натиҷаи ин сафари баҳрӣ огоҳ шаванд, дар бушкачаҳо навиштаҷоташро ҷо кард ва онро ба об паров намуд.
Вақте бод суст шуд, тӯфон аз шиддат бозмонд, маълум шудааст, ки “Ниня” дар яке аз ҷазираҳои Азов аст. Онҳо баъди якчанд рӯз сафари худро аз сар гирифтанд, вале бори дигар киштиҳо дар тӯфон дармонданд ва ин бор шадидтару ҳавлноктар аз аввал буд. “Ҳама фикр мекарданд, ки онҳоро марг интизор аст. Ба назар мерасид бод караваллаҳоро ба ҳаво мебардошту боз поин мекард, мавҷи об бо нерӯи сахт ба деворҳои киштӣ бармехӯрд”,- навишт Колумб дар дафтари хотироташ. Дар остонаи шаб, ки мебоист соҳил ҳам намудор мешуд, киштиро хатари бархӯрд ба сахраи азим таҳдид кард, аммо Колумб ба зудӣ онро ба самти дигар гардонд ва “Ниня”-ро аз нобудӣ раҳонид. Субҳ маълум шуд, ки киштӣ дар димоғаи Рока, дар наздикии Лиссабон қарор гирифтааст. Баъди чанд рӯзи таваққуф Колумб ба роҳ баромад ва ба бандари Палос баргашт. Ин сафари баҳрӣ баъди 224 рӯз ба анҷом расида буд.
Бозгашти Колумб. Наққошии ЭженаДелакруа.
Моҳҳои оянда хушбахттарин моҳҳо барои Колумб буданд. Вай ба орзуи худ расида буд, мухолифони тарҳаш шармсор шуданд. Хонаводаи шоҳаншоҳ адмиралро бо меҳрубонӣ навохтанд, он чи барояш ваъда карда буданд, инъом намуданд. Ва ҳамзамон барои сафари дуюм омодагиҳо сар шуданд.
Ин бор хоҳишмандон хеле зиёд буданд. Қарор буд ин бор 17 киштӣ бо заминкорон, тиллоҷӯён, ҷанговарон ва роҳибон ба сафар мебаромад. 11 октябри соли 1493 аллакай онҳо ба маконҳои қаблан кашфшуда наздик шуданд. Киштиҳо ин бор ҷанубтар ҳаракат карданд. Колумб мехост ба ҷазираҳое фуруд ояд, ки ба гуфтаи ҳиндуҳо ҷанубу шарқтар аз Эспанола ҷой гирифта буданд. Ин роҳ ба сӯи Олами Нав кутоҳтар буд ва аллакай 3 ноябр ҷазираи кӯҳии Антили Хурд (номи маҷмуъаи дароз аз ҷазираҳои оташфишони камонишакл дар нимкураи ғарбӣ. Бештари ин ҷазираҳо марз миёни баҳри Кариб ва уқёнуси Атласро месозанд) намудор шуд. Чн рӯзи якшанбе буд, мавзеъро Доминик: лотини “Рӯзи Худо”, яъне якшанбе номиданд.
(Давом дорад)
Таҳияи Б.Шафеъ
МАТОЛИБИ ДИГАР ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ: