То 08 октябри соли 2020 дар олам 36 миллиону 401 ҳазору 583 нафар чун мубтало ба коронавируси нав ба қайд гирифта шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта ба ин беморӣ боз бештар аз 101 ҳазор нафар сироят ёфтанд. Шумори фавтидагон ба 1 060 567 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам аз ин беморӣ 2 401 нафар ҷон бохтанд.
Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА садҳо мактабҳои давлативу хусусӣ баста шуданд. Дар муассисаҳои омӯзишии ин шаҳр авҷи нави коронавирус мушоҳида шудааст.
Дар Олмон зарфи як ҳафтаи охир ба ҳар 100 ҳазор сокини он 18,3 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Нидерландия ба ҳар 100 ҳазор 147, дар Белгия 139,8 нафар мубталои нав сабт шудааст. Дар Олмон кори барҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва мағозаҳо маҳдуд шудааст. Аз ин ба баъд ҳам аи муассисаҳо ва супермаркетҳои ин кишвар баъди соати 23:00 баста мешаванд.
Италия низоми ҳолат фавқулодаро то 31 январи соли 2021 тамдид кард.
Аз 1 октябр дар пойтахти Испания ва нуҳ минтақаи ҳамсояи он маҳдудиятҳо дар рафтуомадҳо ҷорӣ шудааст. Вуруди хуруҷи бемаврид комилан манъ аст.
Ҳукуматдорони Шотландия тасмим гирифтан чораву тадбирҳои зидди коронавирусро сахт кунанд.
Дар Белгия ба қароре омаданд, ки аз 8 октябри соли равон ба муддати як моҳ ҳамаи қаҳвахонаву барҳоро банданд.
Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Бразилия аз 5 миллион нафар гузашт. То кунун аз ин беморӣ дар ин кишвар 148 ҳазору 228 нафар фавтидаанд.
Президенти Қазоқистон Қосимжомарт Токаев изҳор дошт, ки ба сабаби авҷ ва густариши коронавирус дар кишвар бояд назорат дар марзҳо ҷиддан таҳким бахшида шавад.
Ҳукуматдорони Эрон марзҳои ин кишвар бо Ироқро бастанд.
Дар Украина, Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон ва Булғористон рӯзи сешанбе теъдоди рекордии сироятшудагони нав ба Covid-19 ба қайд гирифта шуданд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 11 ҳазору 115 ҳодисаи нави сироят ба КОВИД-19 сабт шуд. Аз ҳама бештар дар Москав (3229), Санкт-Петербург (456) ва Подмосковйе (395) гирифторони нав мушоҳида шудааст.
Дар Қирғизистон зарфи як шабонарӯзи охир 298 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 сабт шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 41 нафар чун сироятшудаи нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, шумори умумии беморони мубтало ба коронавируси нав ба 10 ҳазору 055 нафар расидааст. Рӯзи гузашта бо 39 муолиҷашудаи нав аз бемористонҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.