Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Марко Поло – аввалин сайёҳи аврупоӣ дар Осиё. Қиссаи машҳуртарин китоби олам, ки дар зиндон навишта шуд

Қубилайхон аслан намехост Полоро ҷавоб диҳад, то вай ба ватанаш баргардад. Аммо ҳодисае пеш омад, ки ба нафъи Марко Поло анҷомид. Шоҳдухтарони муғул ва Чинро Қубилай ба зании ҳокими Форс ваъда карда буд ва хонаводаи Полоро лозим омад, ки онҳоро раҳнамоӣ кунанд. Корвон бо тӯҳфаҳои гаронарзишро наметавонистанд бо роҳҳои хушкӣ фиристанд, чун хатар дошт ва имкон дошт ба ҳамлаи кӯчиён рӯ ба рӯ шавад.  Аз ин рӯ ба қароре омаданд, ки бо роҳҳои баҳрӣ ҳаракат кунад ва баҳори соли 1292 14 киштӣ аз бандари Зайтун (ҳоло Сзюанчжоу) ба роҳ баромаданд.  Ба Поло лозим меомад ба сафари дурударози баҳрӣ дар ҳамаи таърихи баҳрнавардии олам, ки бо ширкати аврупоиён сурат гирифта буд, барояд. Ин роҳ аз имтидоди соҳилҳои шимоливу ҷанубии Осиё, аз тариқи гулӯгоҳҳо миёни ҷазираҳои сершумори Индонезия, давродаври Ҳиндучин, аз наздикии Сейлон мегузашт. Ва билохира киштиҳо ба Ҳурмуз расиданд.

* * *    * * *    * * *

Соли 1295 сокинони Руми Шарқӣ паёмеро бо шавқ ба ҳамдигар расониданд: баъди солҳои зиёди саргардонӣ шахсе ба ватан баргашт, ки метавонад дар бораи кишварҳои дури Осиё қиссаҳои аҷоибу ғароиб нақл кунад. Нақли ӯро бо боварии том мешунаванд ва бовар мекунанд, чун ҳатто соҳибмаълумоттарин афроди ин сарзамин тасаввуроти хирае дар бораи Осиё ва Чини пурасрор доранд. Аз нақли вай онҳо дар бораи шаҳрҳои бузург, дарёҳои калон, сармояву сарватҳои беҳудуд маълумот мегиранд. Ин одам марко Поло буд ва маҳорати хеле хуби нақлҳои шавқовару шуниданӣ дошт, ҳар ҷо менишаст, чизе нақл мекард, ки барои ҳамагон мароқангезу дилнишин буд. Вай дидаву шунидаҳояшро қисса мекард ва бо маҳорате нақл менамуд, ки ҳамагон гӯшу ҳуш мешуданд. Ва дар поён, баъди рафтан аз назди ноқил баъзеҳо вайро муболиғагӯ меномиданд. Вале ин марди 41-сола ва худбовару донишманд бо гузашти як муддати хеле кутоҳ дар ҷомеа мавқеъ ва манзалат пайдо мекунад. 

  Марко Поло ба худ арзиш қоил аст ва аз қабл медонист, ки замоне хоҳад омад, ки инсонҳо маълумоти дар ихтиёр доштаи ӯро  шоиста арзёбӣ мекунанд, бахусус касоне, ки мехоҳанд чигунагии оламеро дарёбанд, ки надидаанд.

Вай дар хонаводаи марди тоҷир ба дунё омада буд, падар ва амакаш тиҷорати бузургеро созмондеҳӣ карда буданд ва дар густараи васеъ ва давлатҳои гуногун, аз ҷумла бо кишвари Форс робитаҳои бозаргонӣ доштанд. Соли 1271 онҳо ба сафари кишварҳои дур арфтанд ва Маркоро, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ бо ҳисси кунҷковиву зиракӣ аз дигарон фарқ мекард, бо худ бурданд. Роҳи онҳо аз баҳри Миёназамин мегузашт, баъдан мебоист дар водиҳои дарёи Даҷла ва халиҷи Форс мерафтанд. Аз Ҳурмуз корвони онҳо аз тариқи биёбонҳо ва кӯҳҳои Осиёи Марказӣ гузашт ва баъди чанд моҳи дигар ба Чин расиданд. 

Марко Поло дар назди Қубалайхон

Ин хонавода муддати 17 сол дар импературии Чин тиҷорат кард. Марко хеле ба зудӣ забони маҳаллиро омӯхт ва дар дарбори хони бузург Қубилай (ё Кубилай – набераи Чингисхон, ки байни солҳои 1260-1294 милодӣ ҳукумат кард ва панҷумин хони бузурги императории муғул буд. Пас аз тақсими импературӣ Қубилай Чинро аз худ кард ва силсилаи Юанро, ки Чин низ ба ҳайати он дохил буд, асос гузошт)соҳиби эътибор буд. Ба ҳадде дар назди Қубилай маҳбубият дошт, ки ӯро волии яке аз вилоятҳо низ таъин кард ва дастурҳои зиёде ба вай медоду иҷрояшро дархост мекард.  Марко Поло аввалин аврупоие буд, ки ба бисёри шаҳру вилоятҳои Осиё сафар кард. Қубилайхон аслан намехост Полоро ҷавоб диҳад, то вай ба ватанаш баргардад. Аммо ҳодисае пеш омад, ки ба нафъи Марко Поло анҷомид. Шоҳдухтарони муғул ва Чинро Қубилай ба зании ҳокими Форс ваъда карда буд ва хонаводаи Полоро лозим омад, ки онҳоро раҳнамоӣ кунанд. Корвон бо тӯҳфаҳои гаронарзишро наметавонистанд бо роҳҳои хушкӣ фиристанд, чун хатар дошт ва имкон дошт ба ҳамлаи кӯчиён рӯ ба рӯ шавад.  Аз ин рӯ ба қароре омаданд, ки бо роҳҳои баҳрӣ ҳаракат кунад ва баҳори соли 1292 14 киштӣ аз бандари Зайтун (ҳоло Сзюанчжоу) ба роҳ баромаданд.  Ба Поло лозим меомад ба сафари дурударози баҳрӣ дар ҳамаи таърихи баҳрнавардии олам, ки бо ширкати аврупоиён сурат гирифта буд, барояд. Ин роҳ аз имтидоди соҳилҳои шимоливу ҷанубии Осиё, аз тариқи гулӯгоҳҳо миёни ҷазираҳои сершумори Индонезия, давродаври Ҳиндучин, аз наздикии Сейлон мегузашт. Ва билохира киштиҳо ба Ҳурмуз расиданд. 

 

Қубилайхон

22 сол сипарӣ шуда буд аз замоне, ки хонаводаи Поло ба сафари дурудароз баромад. Ҳофизаи қавӣ ва фавқулодда ба Поло имкон дод, ки ин сафари тӯлониро бо ҳама кӯчактарин ҷузъиёташ дар хотир нигоҳ дорад: он чизе, ки бо чашмонаш дид, ҳаргиз аз ёдаш зудуд нашуд. Дар роҳ Марко Поло аз шоҳидон баъзе маълумоти заруриро дар бораи соҳилҳои Африқо, аз ҷумла дар бораи Эфиопия, ҷазираҳои мадагаскар ва Занзибар дарёфт кард.

Билохира, соли 1295 хонаводаи Поло ба Руми шарқӣ баргашт. Онҳо бо худ сарвати беҳаду ҳудуд оварданд ва дожҳои Италия (лақаби роҳбарони баъзе ҷумҳуриҳои баҳрии тобеъи Италия: Венетсия, Ҷумҳурии Генуэз (Генуя), соҳилҳои Амалфий)  на танҳо аз нақлҳои шавқовари Марко, балки аз ин сарватҳо чашм об медоданд. 

Ин ҳама қиссаву ривоятҳои Марко шояд баъдан ба зудӣ фаромӯш мешуданд, агар ҳодисаи ҷанг миёни Венетсия ва Генуя намебуд. Ин ду бандари шукуфони замон кайҳо барои касби қудрат дар тиҷорати баҳри Миёназамин бо ҳам дар набард буданд. Марко аз пули худ киштии ҷангӣ мехарад ва онро бо силоҳу муҳимот таъмин месозад. Дар яке аз ин ҷангҳо вай ба нокомӣ рӯ ба рӯ мешавад, киштиро генуиҳо ба асорат мегиранд ва худи Полоро ба зиндон меафкананд. Рӯзҳои дилгири маҳбусӣ барояш оғоз мешаванд, вале вай рӯҳафтода намегардад ва ба ҳамнишинони маҳбусаш дар бораи сафарҳои худ, диду боздидаш аз мамолики олам ҳикоят мекунад.  Вай ба ҳадде ҷолиб нақл мекард, ки ҳатто посбонҳо ба нақлҳои вай гӯш фаро медоданд ва ин қиссаҳо аз забони посбонон дар шаҳр паҳн мешаванд. Генуиҳо кунҷковтар назар ба венетсиоиҳоянд ва тадриҷан сокинон аз бурун меоянд, то ба нақлҳои Марко Поло гӯш диҳанд. Оқибат Марко аз такрори нақлҳояш хаста мешавад ва ба қароре меояд, ки ин ҳамаро рӯи коғаз орад. Ва ба бахти вай мирзо аз ҷумлаи шаҳрвандони Генуя буда бо номи Рустичиано. Замоне вай мууаллифи чандин романҳои ритсарӣ будааст ва бо забони адабӣ хуб ошноӣ дошт, вале муҳим он буд, ки вай ҳозир шуд ин масъулиятро бар душ гирад. Вале мушкиле пеш меояд: Поло ва Рустичиано бо ду лаҳҷаи гуногун сӯҳбат мекунанд ва он замон ҳоло  забони ягонаи итолёвӣ шакл ҳам нагирифта буд. Аммо ин ду роҳи ҳалли мушкилро ҳам пайдо мекунанд: Марко нақл мекунад ва Рустичиано ин ҳамаро бо забони қадимии фаронсавӣ китобат мекунад ва ин забон он замонҳо забони муоширати байналмилалӣ буд. Дар натиҷа аз нақли Поло ва навиштаҳои Рустичиано тадриҷан романе рӯи кор меояд, ки хеле шавқовар, танҳо ин ки қаҳрамонони ин роман на ритсар ва  ковишгарони саргузашт, балки кишварҳо, халқҳо, урфу одати онҳо, шуғл ва афсонаву ривоёти онҳост. Ба ин асар худи Поло ном наниҳод ва дар таърих он бо номи “Китоби Марко Поло” шӯҳрат ёфт. 

 

Яке аз дожҳо

Муаллиф ҳангоми навиштани китоб танҳо ба хотироташ такя накард, балки аз қайдҳое низ баҳра бардошт, ки дар вақти сафар мекард: “...талош кардам хеле дақиқкору ботаваҷҷӯҳ бошам ва ҳар чизи наву ғайримуқаррариро, ки медидам ё мешунидам, менавиштам”.  

Сиёҳнависи “Китоб” охири соли 1298 ба анҷом расид. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки Марко бе ягон муомилоти тиҷоратӣ аз зиндон озод шуд. Баъди бозгашт ба Венетсия вай ба таҳрири китоб пардохт, ба он иловаҳои лозимро дохил намуд, ҳар чизи наве, ки ба ёдаш меомад, илова мекард. Китоб шавқовар буд ва дар як муддати басо кутоҳ ба чандин забонҳои аврупоӣ тарҷума шуд ва тақрибан бо ҳар забон зери ҳар ном чоп мешуд. То замони мо бештар аз 80 номи он дар забонҳои зиёд расидааст. Вале мутаассифона, дастнависи Рустичиано гум шуд ва нусхаи аслии китоби Поло то замони мо нарасид. 

Пештар аз маргаш Поло гуфт: “Ман ҳатто ниме аз он чизҳое, ки дидаму шунидам, навишта натавонистам”. Аммо бовуҷуди ин китоб ҷаҳонбинии аврупоиёнро васеъ кард ва ба онҳо аввалин маълумотҳои муътамадро дар бораи кишварҳое дод, ки номашонро шунида буданд, аммо дар бораашон ба ҷуз овозаҳои парешон чизе намедонистанд. 

Он солҳо на ҳама ба он чи дар китоб навишта шудааст, бовар доштанд. Наход муаллиф рост бигӯяд? Наход “санги сиёҳе” бошад, ки аз ҳезум ҳам рушантар сӯзад ва гармӣ диҳад? Колоро на бо пули тилло, балки бо ким-кадом коғази арзишманд мехаранду мефурӯшанд? Аз зери замин равған хориҷ мешавад, ки “онро наметавон хӯрд, вале метавон сӯхт”? Дар ким кадом гӯшае дарёе ҷорист, ки дарозии он садубистрӯза роҳ? Магар Ситораи қутбӣ он ҷо дида намешавад? Оё он чӣ ҷаноби марко Поло дидааст, ҳама ҳақанд, ки навиштааст?

Бо гузашти солҳо одамон бовар карданд, ки ҳар чизе ин ҷаҳонгарди венетсиёӣ гуфту навишт, ҳақиқати маҳз буданд. Ва ҳатто иттилои ҷуғрофии вай ба ҳадди боварнакарданӣ дақиқ буд. Албатта, на ҳамааш. Он чӣ Поло бо чашм надида буд, на ҳамеша ҳақ буд. Як бахши китоби Поло “Руси бузург” ном дорад. Кишвари паҳновар дар шимол, бо уқёнус ҳамсарҳад аст ва дуртар аз қутб. Сокинони он масеҳиёнанд ва мисли юнониҳо дар калисо ибодат мекунанд. Онҳо мардумони дилкушоданд, ба ҳама бовар мекунанд ва зебоянд: қоматбаланд ва бо мӯйҳои дарозу малла. Ба ин кишвар шоҳ сарварӣ мекунад, ба тоторҳои ғарб хироҷ месупорад. Иқлими ин мамлакат сард аст. “...ба шумо мегӯям аз сардӣ хонаҳояшон дар зери замин аст ва баъзан дар болои замин”. Ин кишвар дорои мӯинаи зиёд аст, мум ва нуқра тавлид мекунад. Оё дуруст нест ва навиштаҳо боварибахш нестанд?

 

Харитаи сафарҳои Марко Поло

Муаррихи инглис Ҳенрӣ Иуле хизматҳои Марко Поло илми ҷуғрофияи ҷаҳониро мухтасар ин гуна баён кардааст: “Марко Поло аввалин ҷаҳонгардест, ки аз тариқи биёбонҳои Форс ва даштҳои муғул кулли Осиёро гаштааст...Вай бори аввал аз Чин пардаи асрор бардошт, аввалин касе буд, ки дар бораи ҳамсоягони Чин- Тибет, Бирма, Лаос ва Ҷопон нақл кард. Вай бори аввал ба оламиён дар бораи маҷмаъаҷазираҳои пурсарвати Ҳинд, Ҷова (ҷазирае дар Индонезия), Сумрат (шашумин калонтарин ҷазираи олам, ки дар Индонезия воқеъ аст), Сейлон маълумот дод...” 

Марко Поло соли 1324 аз олам гузашт. Даҳсолаи охири умр вай пурра ба кори тиҷорат машғул шуд ва дигар ба таҳриру такмили китобаш напардохт. Барояш муяссар ҳам нашуд донад, ки кашфиётҳои географии вай хеле пештар аз замон гом бардоштанд. Географиҳо ва харитасозон ҳоло ҳам ба ин китоб муроҷиат мекунанд ва онро як манбаъи муътамад медонанд. Дар ин харитаҳо номҳои ҷуғрофӣ ва исми давлатҳое ворид карда мешаванд, ки Поло дар китобаш оварда буд.

Соли 1375 бори аввал атласи ҷаҳонӣ чоп мешавад. Тартибдиҳандагони он бо истифода аз китоби Поло нисбат ба пешгузаштагонашон Осиёи Шимолӣ. Уқёнуси Ҳинд, нимҷазираи Ҳиндустон, ҷазираи Сумаираро хеле дақиқтар инъиком мекунанд. 

Соли 1477 нашри типографии “Китоб” арзи вуҷуд мекунад ва он ба дасти нақшанигор (харитасоз, картограф) Тосканелли мерасад. Тосканели баъди мутолиа ба он таваҷҷӯҳ мекунад, ки тибқи навиштаи Поло соҳилҳои шарқии Осиёро баҳр иҳота кардааст. Токаннели аллакай шунида буд, ки Христофор Колумб тарҳи аз тариқи уқёнуси Атлантик шино кардан дорад, то роҳи баҳрӣ ба Ҳиндро кашф кунад. Нақшанигор ба кашшофи ояндаи Амрико нома мефиристад ва ба вай дар бораи китоби Поло маълумот медиҳад. Эҳтимолан ин ҳидоят кофӣ буд, ки Колумб дар харита ва масири сафараш тағйирот ворид кунад. Вай шояд ба натиҷа расид, ки метавон ба Осиё аз Аврупо аз тариқи ғарб рафт. Вай дар ин сафараш нашри лотинии китоби Полоро бо худ гирифт ва он ки Колумб аз ин китоб истифода кардааст, 70 ишораи вай дар саҳифаҳои китоб шаҳодат медиҳанд.

Садсолаҳои оянда низ ҷаҳонгардони машҳур аз китоби Поло хеле фаровон истифода кардаанд. Ҳатто дар асри 19 муҳаққиқони Осиёи Марказӣ ба комилу пурманфиат ва дақиқ будани маълумоти китоби Марко Поло ишораҳо кардаанд.

Дар олам ба китобҳои каме саодати борҳо чоп шудан бо забонҳои гуногун муяссар шудааст. Китоби Марко Поло бо забонҳои фаронсавӣ, инглисӣ, итолёвӣ, испонӣ, португалӣ борҳо нашр шудааст. Ҳатто чиниҳо низ онро тарҷума карданд. Бо забони русӣ соли 1863 бо номи “Сафарҳои Марко Полои венетсианӣ дар садсолаи XIII” чоп шудааст, вале нашри илмиву интиқодии он аз ҷониби шарқшиноси рус И.И.Минаев охири асри XIX интишор ёфтааст ва соли 1956 бо номи “Китоби Марко Поло” бо забони русӣ ва шарҳҳои илмӣ рӯи чоп дидааст.

 

Таҳияи Б. Шафеъ

 

МАВОДҲОИ ҲАМСОН: