Ширкат дар барномаи мустақими радиои “Азия плюс»

Ахиран кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи мустақим ва маъруфи  "Камбэк Шоу" – и радиои “Азия Плюс" ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии суҳбат дар ин барнома фаъолияти дастаҳои садамавиву наҷот ва кори идораи наҷоти кишвар дар умум буд. Баҳсу баррасӣ атрофи ин мавзӯъ бахусус дар остонаи фасли зимистон хеле муҳим ва саривақтӣ буд.

Омодагии КҲФ ба давраи зимистон, омори ҳолатҳои фавқулодда, роҳандозии корҳои пешгирӣ аз паҳн гардидани коронавирус, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва маълумот дар бораи рақами ягонаи наҷот "112" аз ҷумлаи чанд масъалаи  мавриди баҳсу баррасӣ дар ин барнома буд.   

Шунавандагони радио имкон доштанд, ки бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мустақиман сӯҳбат кунанд, инчунин ба кулли суолҳои худ посух гиранд. 

Ҳамзамон дар ин барнома ин имкон ҳам фароҳам шуд, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат карданд, ки талош намоянд, то қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, бониқоб бошанд, фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. 

Кормандони Кумита дар ҷараёни суҳбати мустақим бо шунавандагон аз онҳо хостанд, то дар ҳоли рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо рақами ягонаи 112 хабар диҳанд.

Дар поёни барнома илова ба телефони 112 бо шумораҳои: 223 13 11 ва 93 880 28 19 низ эълон шуданд, ки сокинони кишвар метавонанд дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба мушкиле аз мушкилоти ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд ва ба ёрӣ даъват кунанд.

барчасп: