Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар шабонарӯзи гузашта дарахти уфтодаро бардоштанд ва хатари болои боми хонаро бартараф намуданд ва як дари бастаро ҳам боз кардаву мушкили соҳиби онро осон намуданд.
Чунончӣ, ба қисми навбатдории КҲФ аз сокини кӯчаи Айнӣ 192 пойтахт хабар расид, ки як дарахти азим болои боми хонаи вай афтодааст ва амнияти бошандагон таҳдид мекунад.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо кумаки таҷҳизоти махсус дарахти афтодаро бардоштанд ва хатарро аз бом бартараф карданд.
Занги дуюми телефонӣ аз сокини хонаи 160/1 кӯчаи Неъмат Қарабоев расид. Марде, ки занг мезад, хоҳиш мекард, ки ба кушодани дари оҳании бастаи манзили ӯ кумак расонанд.
Имдодгарон ба суроғаи нишондодашуда расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти махсус дари оҳаниро боз карданд ва ба соҳиби он имкон доданд, ки вориди манзилаш шавад.