Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.
Сардори Идораи наҷоти кишвар дар суханронии худ дар назди иштирокчиён ба ташкилкунандагони тамрин барои ташкили хуби он изҳори сипос намуд ва махсусан хизматҳои Дафтари САҲА дар Душанберо барои дастгирии лоиҳаҳои дар мамлакати мо амалишаванда қайд кард. Раиси КҲФ гуфт, ки сарфи назар аз вазъи мавҷудаи эпидемиологӣ, омӯзиш бо назардошти ҳамаи стандартҳои мавҷуда гузаронида шуд ва он хеле муассир ва пурсамар буд. Рустам Назарзода инчунин ибрози умедворӣ кард, ки малакаҳои ҳосилшуда самараи амалиёти наҷотдиҳиро дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳанд дод.
Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер гуфт, ки ин оғози омӯзиш дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи наҷотдиҳандагон аст ва САҲА минбаъд низ барои рушди пурсамари онҳо саъй хоҳад кард.
Дар тӯли як моҳ наҷотбахшон тарзи гузаронидани усулҳои нави амалиёти имдодро бо истифода аз як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ омӯхтанд. Омӯзишро устодони касбии ҳам Кумита ва ҳам мутахассисони дигари соҳа гузаронидаанд.
Ин давраи омӯзишӣ ба ошноӣ ва такмили иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар ҳолати офати табиӣ равона шуда буд. Чунин шакли дарсҳо ба насли ҷавон имкон дод, ки таҷрибаи бебаҳои гузаштагони худро хубтар донанд ва бағоҷи малака ва дониши худро пур кунанд.
Дар охири маросим ба иштирокчиёни тренинг шаҳодатномаҳо супорида шуданд.