видео

САҲА БА КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19 КӮМАК КАРД (ВИДЕО)

Бо ҳадафи омодагӣ ба паҳншавии эҳтимолии бемории коронавирусии COVID-19 ва дар чорчӯбаи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналамилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, имрӯз миёни САҲА ва КҲФ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими додугирифти воситаҳои ҳимоя баргузор гардид.

Лутфан бубинед! Парвина Зуҳурова - тоҷики муқими Амрико аз таҷрибаи худ қисса мекунад (ВИДЕО)

Павина Зуҳурова, як тоҷики муқими Лос-Анжлеси ИМА бо пахши навори видеоӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кард. Ин навор рӯзи сеюм аст, ки дар фазои маҷозӣ гардон аст ва то кунун даҳҳо нафар онро бознашр кардаанд. Хонум Парвина мегӯяд ҳамроҳи шавҳар ва чаҳор фарзандаш дар ин шаҳри пурҷамъияти Амрико ҳаёт ба сар мебарад ва ҳама аҳли хонавода ба короновирус мубтало шуданд ва ҳоло муолиҷа...

Идомаи корҳои пешгирӣ аз сироят ба короновирус дар миёни аҳолӣ (ВИДЕО)

Дар доираи татбиқи Нақшаи амали ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемӣ ҳангоми пандемияи короновирус COVID-19», ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз таҳдидҳои инфексияи короновирус ва таъмини беҳбуди беҳдоштӣ-эпидемиологии аҳолӣ кормандони КҲФ якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ дар муассисаҳои бачагона...

Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати пешгирӣ аз “СОVIД – 19” (ВИДЕО)

15 – уми апрели соли 2020 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу, ҳамчунин ширкати намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон... 

Ёрии башарии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе маросими қабули ёрии башарӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид. Ин ёриҳои башарӣ, ки ахиран дар 18 қатора вориди пойтахти кишвар шуд, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ, респираторҳо ва айнакҳои тиббӣ иборат мебошад. Ин бори ёрии башариро то шаҳри Душанбе як ҳайат аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон оварда расонд.

Страницы