видео

Ҳаво дар Австралия то 46 дараҷа гарм шуд. Бешаҳо оташ мегиранд (Видео)

Маркази ҳавошиносии Австралия эълон кард, ки 17-уми декабри соли равон ин кишвар гармтарин рӯзро пушти сар гузошт. Дамои ҳаво тибқи ин гузориш ба то 40,9 дараҷа расид.  Аммо дар баъзе нуқоти кишвар ҳаво то 46 дараҷа гарм шуд. Дар гузориш омадааст, ки то кунун гармтарин дамо 7-уми январи соли 2013 буд. Он рӯз ҳаво дар ин кишвар 43 дараҷа гарм шуда буд.  Аммо ин манбаъ боз гуфтааст,

Ҳалокати 74 нафар дар қатори оташгирифтаи Покистон (видео)

Бино ба охирин иттилои расида шумори мусофирони ҳалокшуда дар қатори оташгирифтаи Покситон ба 74 нафар расидааст. Ин қатор дар қаламрави вилояти Панҷоб оташ гирифтааст ва бино ба хабари Geo News дар се вагони оташгирифта 200 нафар мусофирон сафар мекарданд.

Кохи мероси ҷаҳонӣ дар Ҷопон оташ гирифт (видео)

Телевизиони Ҷопон хабар дод, ки дар префектураи  Окинава як кохи қадимӣ, ки дар рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, оташ мегирад. Ин ширкати телевизионӣ иттило дод, ки субҳи имрӯз, 31 октябр  дар шаҳри Нахо кохи машҳури таърихии Сюри оташ гирифт. Бар асари ҳолати фавқулода қисматҳои зиёди бинои таърихӣ, аз ҷумла толори марказии он ба коми оташ рафт. Дар айни замон 20 воҳиди зиддисӯхтор дар ҷойи ҳодиса саргарми хомӯш кардани забонаи оташанд.

Ҳалокати шаш фили осиёӣ дар Таиланд, ки мехостанд як филбачаро наҷот диҳанд (Видео. Навшуда)

Шаш фил, ки талош мекарданд ҳамдигарро наҷот диҳанд, бар асари сарозер шудан дар як обшори хатарнок ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар Таиланд рух додааст ва мақомот гуфтаанд, ки дар мамнуъгоҳи милии Хао-Яй аввал як бачаи фил ҳангоми шино ба партгоҳ афтод. Филҳои дигар хостанд ӯро наҷот диҳанд ва ҳамагӣ дар ҳамон партгоҳи хатарнок фурӯ рафтанд.

Филми нави тасвирӣ. Бачаҳо дар зимистон: чӣ бояд кунанд, ки бемор нашаванд ва аз нохушиҳо эмин бошанд?

Мҳтарам корбарони сомона! Бо арзи эҳтиром Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши филмҳои тасвирии омӯзишӣ барои бачаҳоро идома медиҳад. Ин филмҳо бидуни шак метавонанд бачаҳоро бештар бо қоидаҳои бехатарӣ ошно созанд.

Филми тасвирии навбатӣ оид ба қоидаҳои бехтарӣ дар фасли

Страницы