Шаш фил, ки талош мекарданд ҳамдигарро наҷот диҳанд, бар асари сарозер шудан дар як обшори хатарнок ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар Таиланд рух додааст ва мақомот гуфтаанд, ки дар мамнуъгоҳи милии Хао-Яй аввал як бачаи фил ҳангоми шино ба партгоҳ афтод. Филҳои дигар хостанд ӯро наҷот диҳанд ва ҳамагӣ дар ҳамон партгоҳи хатарнок фурӯ рафтанд.
Манбаъҳои расмии Таиланд ҳамчунин аз наҷоти ду фили дигар дар ҳамон сахра хабар доданд ва гуфтанд, ки онҳо низ барои кумак ба филҳои дигар шитоб доштанд. Гуфта мешавад, ки солҳои пеш низ ин гуна ҳодисаҳо рух дода буданд ва дар ин обшори пурхатар ҳайвонот нобуд шудаанд.
Аз ҷумла соли 1992 8 фил аз ин обшор ба зер рафтанд ва ин сабаб гардид, ки таваҷҷуҳи мақомоти Таиланд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он ҷалб шавад.
Ҳодиса рӯзи ҷумъа рух додааст ва се соат баъди дарёфти иттило ҷасади як филбачаи сесола дар он минтақа пайдо шудааст ва дар ҳамон наздикӣ ҷасади 5 фили дигар низ дида шуд.
ВВС истинодан ба суханони сарвари мамнуъгоҳи мазкур иттилоъ додааст, ки ду фили наҷотёфта зери назорат қарор доранд.
Олимон мегӯянд филҳо аслан ҳайвоноти эҳсосотӣ ҳастанд ва ҳалокати 6 ҳамҷинсашон метавонад ба ҳолати руҳии ин ду фили наҷотёфта таъсир расонад. Кушта шудани 6 фил ба маънои он аст, ки ду фили зиндамонда аксари хонаводаҳои худро аз даст додаанд.
Бино ба оморҳои расман ироашуда ҳоло дар Таиланд ҳафт ҳазор фили осиёӣ ҳаёт ба сар мебарад ва беш аз ниме аз онон озод нестанд.
Расмҳо аз ВВС