Сарраёсати мудофиаи гражданӣ ва на танҳо он
Чоп шуд: 02/10/2019 | redaktorДар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати мудофиаи гражданӣ аз калонтарин ва қадиматарин бахшҳо ба ҳисоб меравад. Солҳову асро инсоният талош кардааст, ки ба муқобили рӯйдоҳои ногувор, офатҳои табиӣ ва ғайра муқовимат кунад. Роҳу шеваи ин муқовимат аз оғоз то ба имрӯз гуногун будаву зина ба зина ташаккул ёфтааст.