Ғолибони радиовикторина соҳиби ҷоизаҳо шуданд
Чоп шуд: 22/10/2019 | redaktorДар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ғолибони радиовикторинаи “Фарогирӣ ва коҳиши хатари офатҳо”-ро, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши офатҳо баргузор шуда буд, мукофотҳои худро соҳиб шуданд. Шаш нафар аз ҷумлаи ғолибони ин викторинаи радиоӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки ин викторина аз тариқи радиои “Ватан” сурат гирифт ва аз миёни ширкаткунандагони зиёд шаш нафар ғолиб дониста шуданд.