Наҷоти се нафар дар як садамаи фоҷеабор
Чоп шуд: 07/10/2019 | redaktorҶавонони мошинсавор бештар ҳаракатҳои тунд мекунанд, бо суръати баланд мошин рондани онҳо дар аксар ҳолатҳо сабабгори садамаҳои фоҷеабор шудааст. Хабаре, ки пайи шарҳу тафсираш ҳастем, аз ҳамин бора ҳикоят мекунад. Ҷавони 23-сола бо суръати баланд мошин ронда, дар роҳи ҳамвор натавонист аз уҳдаи идораи он барояд ва ба майдони пахта чаппагардон шуд. Фаврияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷони се нафарро аз марг наҷот дод. Вале агар онҳо ҳам сари вақт намерасиданд чӣ?