Рӯзе, ки инсонҳоро ҳушдор медиҳад: БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ОМОДА БОШЕД!
Чоп шуд: 14/10/2019 | redaktorИнак, Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо низ пушти сар монд. Ҳамасола аз ин Рӯз дар саросари олам таҷлил ба амал меоранд ва як бори дигар таваҷҷуҳи инсонҳо ба он ҷалб карда мешавад, ки офатҳои табиӣ вуҷуд доштанд, доранд ва хоҳанд дошт. Ҳеч ниҳоде онҳоро наметавонад пешгӯӣ кунад, магар ин ки тӯфонҳои азим аз қабл маълум мешаванд. Аммо инсонҳо бо омодагиҳои худ ва бо доштани донишҳои назариявиву амалӣ метавонанд хатари он офатҳоро коҳиш диҳанд. Ва як ҳадафи аслии ин Рӯз низ ҳамин аст.