Рӯзе, ки инсонҳоро ҳушдор медиҳад: БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ОМОДА БОШЕД!

Инак, Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо низ пушти сар монд.  Ҳамасола аз ин Рӯз дар саросари олам таҷлил ба амал меоранд ва як бори дигар таваҷҷуҳи инсонҳо ба он ҷалб карда мешавад, ки офатҳои табиӣ вуҷуд доштанд, доранд ва хоҳанд дошт. Ҳеч ниҳоде онҳоро наметавонад пешгӯӣ кунад, магар ин ки тӯфонҳои азим аз қабл маълум мешаванд. Аммо инсонҳо бо омодагиҳои худ ва бо доштани донишҳои назариявиву амалӣ метавонанд хатари он офатҳоро коҳиш диҳанд. Ва як ҳадафи аслии ин Рӯз низ ҳамин аст.

Дар доираи барномаҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо созмонҳои байналмилалие, ки дар ин самт фаъолият мебаранд як маъракаи густардаи таблиғотиро миёни қишрҳои мухталифи аҳолии кишвар роҳандозӣ кард.

Чунончӣ, дар Раёсати КҲФ дар ВМКБ якҷо бо созмони байналмилалии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ “Рӯзи дарҳои боз” гузаронида шуд, ки дар он техникаи махсусро ба намоиш гузоштанд, наҷотдиҳандагони Раёсат бошанд баъзе саҳнаҳоро дар мавриди аксуламал дар заминларзаҳо, лағзиши тарма, сангрезиш, кӯчонидани зарардигон ба манотиқи амн, расонидани аввалин ёрии тиббиро намоиш доданд.

Дар вилояти Хатлон кормандони Раёсати вилоятии КҲФ якҷо бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ як қатор вохӯриҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Бохтар, Данғара, Кӯлоб ва маркази шаҳри Бохтар гузарониданд.

Дар ноҳияҳои мухталифи вилояти Суғд низ бо роҳандозии ба ин монанд чорабиниҳо аз ин Рӯз таҷлил ба амал омад.

Матолиби бештар дар ин бора:

 

 

Дар озмуне, ки КҲФ якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе миёни кӯдакону наврасон гузаронд, наздик ба 100 нафар кӯдакону наврасон ширкат карданд. 

Бояд зикр намуд, ки барои Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ин як баҳонаи басо муҳим барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳолӣ ба масъалаҳои офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода мебошад. Офати табиӣ як хатари басо бузургест, ки ҳамасола ҳазорон нафарро дар сар то сари олам ба ҳалокат мерасонад, хонаҳоро хароб, шаҳрҳову деҳотро вайрону валангор ва миллионҳо нафарро бехонаву дар мекунад. Аммо вокуниши сареъ ба офатҳо, пешгирӣ аз онҳо метавонад ба маротиби ин хатари мудҳишро коҳиш диҳад. Барои ин инсонҳо ва давлатҳо бояд даст ба дасти ҳам ниҳанд ва як ҷабҳаи умумии муқовимат бо ин падидаҳоро фаъол созанд. 

барчасп: