Мулоқоти ҳайати шахсии КҲФ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Чоп шуд: 05/10/2019 | redaktor5 октябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Директори Академияи ВАО Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон баргузор шуд.
Зиннатуллоҳ Исмоилзода ҳайати шахсии КҲФ-ро ба Рӯзи забони давлатӣ муборакбод кард ва дар бораи фаъолияти Иттифоқи журналистон ва Академияи ВАО суҳбат намуд.
Ғайр аз ин дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати шахсӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” маълумот дода шуд.