Эълони вазъи фавқулода дар Калифорния
Чоп шуд: 28/10/2019 | redaktorФармондори Калифорния дар саросари ин иёлоти ИМА вазъи фавқулода эълон кард ва сабаби он идомаи оташсӯзиҳо ва густариши доманаи он бар асари вазиши сахти бод буд. Ширкати Pacific Gas & Electric (PG&E)-яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ ахиран эълон кард, ки 36 округи иёлот метавонанд бе қувваи барқ монанд. Даҳҳо ҳазор хона ба хатари расидани оташ гирифторанд.