Фармондори Калифорния дар саросари ин иёлоти ИМА вазъи фавқулода эълон кард ва сабаби он идомаи оташсӯзиҳо ва густариши доманаи он бар асари вазиши сахти бод буд. Ширкати Pacific Gas & Electric (PG&E)-яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ ахиран эълон кард, ки 36 округи иёлот метавонанд бе қувваи барқ монанд. Даҳҳо ҳазор хона ба хатари расидани оташ гирифторанд.
Рӯзи чоршанбеи гузашта ин сӯхтор аз шимоли Калифорния шуруъ шуд. Гуфта мешавад, ки ин оташсӯзии бесобиқа бар асари тахриби хати интиқоли барқ рух додааст. Мақомоти баландпояи Калифорния аз ширкатҳои барқрасон товони зарари расида кардаанд, дар ҳоле, ки иллати аслии он комила таҳқиқ нашудааст.
Рӯзи ҷумъаи гузашта хабар дода мешуд, ки оташсӯзиҳои давомдор дар шимол ва ҷануби Калифорния даҳҳо ҳазор нафарро овора карданд ва сабаби сар задани оташ тахриби хати интиқоли нерӯи барқ буд.
Гуфта мешавад, ки ин бесобиқатарин оташсӯзӣ дар иёлоти Калифорния зарфи чанд соли охир будааст. Дар калонтарин сӯхтори соли 2018 85 нафар ба ҳалокат расида буданд ва иллати он низ садама дар хати интиқоли барқи ширкати PG&E буд.