Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 04/10/2019 | redaktor4 октябри соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорати мазкур ҷамъомади таълимӣ-методӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд. Ҷамъомади мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019 баргузор гашт.