Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 октябри соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорати мазкур ҷамъомади таълимӣ-методӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд. Ҷамъомади мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019 баргузор гашт.

         Ҳадаф аз гузаронидани ҷамъомад ин тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, фармондеҳӣ ва сардорон, омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва тарғиби дониш дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ба шумор меравад.

         Дар ҷамъомади болозикр муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва 150 нафар ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ  вазорати мазкур иштирок намуданд.

барчасп: