13 октябр - Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо
Чоп шуд: 11/10/2019 | redaktorТашкилоти байналмиллалии Миссияи Шарқ бо ҳамкории зичи Бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо 11 ва 12 октябр дар маркази ноҳияҳо чорабиниҳои тантанавӣ барпо намудаанд. Бахшида ба ин рӯз рӯзномаҳои ноҳиявӣ нашри махсус омода сохтаанд, ки дар он аз корҳо нисбати коҳиши хатари офатҳо дар ноҳия ахборот пешниҳод мешавад.