Activities calendar

12 октября 2019

Озмуни беҳтарин наққошиҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии киҳиши хатари офатҳо ба поён расид

Чанд лаҳза пеш дар Боғи ба номи Алишери Навоии пойтахт  озмуни беҳтарин тасвири кӯдакону наврасон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии  коҳиши хатари офатҳо ба поён расид. Ин аввалинбор нест, ки атфол назари худро оид ба оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар нигораҳои худ иброз медоранд. Соли гузашта низ ҳамин гуна чорабинӣ ва он ҳам дар боғи ба номи Алишери Навоӣ бо ширкати густардаи кӯдакону наврасон доир шуда буд.

Мулоқот дар Шаҳристон

Вобаста ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида «Рўзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо”, санҷидани омодагии муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, ташкилоту корхонаҳо ба давраи зимистон, ташкили мулоқоту вохӯриҳо, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии онҳо ба мавсими сармо  кормнадони Раёсати Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон бо хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ

Аз хатари ҷиддии офатҳои табиӣ низ метавон пешгирӣ кард

Оё метавон аз хатари офатҳои табиӣ пешигирӣ кард ва ё ҳаддиақал онро коҳиш дод? Ин суоле буд, ки дар мулоқот бо мардум кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд дар миён гузоштанд. Ва посух ҳам мусбат буд. Оре, метавон. Ва мисоли ин амали як чӯпонбачае буд, ки соли гузашта дар Амондараи Панҷекат аз худ нишон дод.

Мулоқот ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Рӯзҳои 9-10 октябри соли 2019 кормнадони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо чорабиниҳо роҳандозӣ карданд.  Ҳадафи ин табдирҳо баланд бардоштани огоҳиҳои мардум дар бораи офатҳо ва роҳу равишҳои коҳиши хатар ва бартараф кардани он мебошад.

Таблиғи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии КҲФ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи иттилонокии аҳолӣ кормнадони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Масъалаҳои муҳим дар ҷомеа”-и радиои вилоятӣ ширкат намуданд.