Таблиғи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии КҲФ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи иттилонокии аҳолӣ кормнадони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Масъалаҳои муҳим дар ҷомеа”-и радиои вилоятӣ ширкат намуданд.

Шунавандагон имкон доштанд дар бораи таърих ва ҳадафҳои ин  рӯз маълумоти муфассал дарёфт кунанд. Ширкаткунандагон дар барнома нуҳ моҳи фаъолият ва ҳолатҳои фавқулода дар вилоятро таҳлил краданд. Ба шунавандагон дар бораи чорабиниҳои роҳандозишудаи пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ нақл карданд ва барои пешгирӣ аз рӯйдодҳои нохӯш тавсияҳо доданд. 

Ин гуна чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар қаламрави вилоят боз гузаронида мешаванд ва натиҷаи онҳо рӯзи 13 октябр дар шҳари Хуҷанд ҷамъбаст мегарданд.

барчасп: