Кормандони КҲФ Рӯзи забони давлатиро таҷлил намуданд
Чоп шуд: 03/10/2019 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/PRS_0036%5B1%5D.jpg?itok=_XywD3ua)
Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён баргузор шуд.
Зимни суханронии худ Саодатшо Матробиён аз ҷумла гуфт, ки забон сарвату боигарии ҳар халқ аст ва маҳз ин забони модарист, ки халқҳоро ба ҳам меорад ва ҳамкориҳои миллатҳои гуногунро тақвият мебахшад.