Кормандони КҲФ Рӯзи забони давлатиро таҷлил намуданд

Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти ҳайати шахсӣ бо муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён баргузор шуд.

Зимни суханронии худ Саодатшо Матробиён аз ҷумла гуфт, ки забон сарвату боигарии ҳар халқ аст ва маҳз ин забони модарист, ки халқҳоро ба ҳам меорад ва ҳамкориҳои миллатҳои гуногунро тақвият мебахшад. 

Саодатшо Матробиён қайд кард, ки забони тоҷикӣ дастоварди беназири миллат ва давлат аст ва ҳамаи аъзои ҷомеа бояд барои ҳифз ва тозагии он ҳиссаи худро гузоранд. Забони тоҷикӣ, ки оғози худро аз шеъри поягузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мегирад, сарчашмаву гармии муҳаббатҳои мост. 

Дар поёни суханронии С.Матробиён миёни меҳмон ва кормандони Кумита табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: