Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 1-уми ноябр
Чоп шуд: 31/10/2019 | redaktorПагоҳ, ҷумъа, рӯзи аввали моҳи ноябр, оғози сюмин ва охирин моҳи тирамоҳ. Ҳисс мешавад, ки Тоҷикистон ҳам ба оҳистагӣ ба оғӯши сарди зимистон худро омода мекунад. Аз рӯз ба рӯзи дигар ҳаво сардтар мешавад, боронҳои тирамоҳӣ ҳам шуруъ шудаанд, ҳатто дар пойтахти кишвар ва навоҳии гарми вилояти Хатлон ҳам аз боришоти дарозмуддату кутоҳмуддат хабар дода мешавад. Гармо тадриҷан ҷойи худро ба сармо медиҳад.