Телевизиони Ҷопон хабар дод, ки дар префектураи Окинава як кохи қадимӣ, ки дар рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, оташ мегирад. Ин ширкати телевизионӣ иттило дод, ки субҳи имрӯз, 31 октябр дар шаҳри Нахо кохи машҳури таърихии Сюри оташ гирифт. Бар асари ҳолати фавқулода қисматҳои зиёди бинои таърихӣ, аз ҷумла толори марказии он ба коми оташ рафт. Дар айни замон 20 воҳиди зиддисӯхтор дар ҷойи ҳодиса саргарми хомӯш кардани забонаи оташанд.
Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Ҷопон эълон кард, ки дар наздиктарин фурсат харобиҳои ин оташсӯзӣ дар қасри таърихиро барқарор хоҳад кард. Дар ин бора чанд лаҳза пеш дар як нишасти матбуотӣ дабири куллӣ кобинаи вазирони Ҷопон Усихидэ Суга дар ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ иброз назар кард.
"Ин як рӯйдоди фоҷеабор аст,-гуфт ӯ ва идома дод:- Ҳукумат талош хоҳад кард харобаро барқарор созад”.
Бино ба гуфтаи мақомоти давлатӣ ин сӯхтор шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе рух додааст. То ин замон қисмати мудҳиши ин оташсӯзӣ хомӯш карда шудааст. Бахусус маконе, ки тӯли чандин аср қароргоҳи шоҳ Рюкю буд, ҳоло аз сӯхтор эмин мондааст. Рюкю то соли 1879, ки Окинава ба Ҷопон ҳамроҳ карда шуд, шоҳи он буд.
Ахиран мақомот эълон карданд, ки дар маҷмуъ шаш бино оташ гирифтааст, ки дар масоҳати умумии 4,2 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми сӯхтор касе дар дохили қаср набудааст, аз ин рӯ аз талафоти ҷонӣ иттилое дар даст нест. Сабаби сӯхтор таҳқиқ нашудааст, аммо мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки аз 27 октябр дар ин қаср корҳои ободонӣ ба шарафи иди маҳаллӣ ба роҳ монда шуда буд ва сабаби сӯхтор шояд ба ҳамин тадорукот иртибот дошта бошад.
Қасри Сюри мероси фарҳангии асрҳои XIV-XV буда, рамзи фарҳанги таърихии Окинава дониста мешавад. Ин кох соли 1945 дар натиҷаи муҳорибаи шадид миёни сарбозони амрикоиву ҷопонӣ пурра хароб шуда буд. Соли 1992 онро тибқи нақшаи қадимӣ дубора эҳё карданд ва соли 2000 ЮНЕСКО чун мероси ҷаҳонӣ сабт кард.