Наҷоти чӯпоне, ки ба ҷарии умқаш беш аз 15 метр сарозер шуда буд
Чоп шуд: 21/10/2019 | redaktor20 – уми октябри соли равон ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг заданд ва хабар доданд, ки дар наздикии ҷамоати деҳоти Чорсӯи деҳаи Молики шаҳри Ваҳдат як чӯпон дар ҷарӣ сарозер шудааст ва ба кумак ниёз дорад.
Кормандони наҷоти Кумита сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ва занбар чӯпони 41-соларо аз умқи бештар аз 15 метр боло оварданд. Ҳангоми сарозер шудан дасти ӯ шикаста буд.