«Рӯзи дарҳои боз” барои бачаҳо
Чоп шуд: 18/10/2019 | redaktorБачаҳо кунҷкованд. Вақте таҷҳизотеро нишон медиҳед, даҳҳо суолро якбора сарозер мекунанд ва кас намедонад ба кадоме аз ин суолҳо пештар посух бидиҳад. Ин кунҷковӣ ҳар гуна сайру саёҳат ва диду боздидро шавқовар мекунад. Баъзан вақти дидор ба поён мерасад ва суолҳое бепосух мемонанд. Ҳамин гуна иттифоқот дирӯз, дар ҷараёни баргузории “Рӯзи дарҳои боз” дар КҲФ низ рух дод.