Бачаҳо кунҷкованд. Вақте таҷҳизотеро нишон медиҳед, даҳҳо суолро якбора сарозер мекунанд ва кас намедонад ба кадоме аз ин суолҳо пештар посух бидиҳад. Ин кунҷковӣ ҳар гуна сайру саёҳат ва диду боздидро шавқовар мекунад. Баъзан вақти дидор ба поён мерасад ва суолҳое бепосух мемонанд. Ҳамин гуна иттифоқот дирӯз, дар ҷараёни баргузории “Рӯзи дарҳои боз” дар КҲФ низ рух дод.
18 октябри соли равон дар доираи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ва бо мақсади огоҳии бачаҳо дар мавриди коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Созмони байналмилалии “ «Добрососедство» “Рӯзи дарҳои боз” баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ 120 нафар атфол ширкат доштанд, ки ҳамагӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ омада буданд.
Хонандагон дар оғоз дар бораи “Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари оатҳо” шинос карда шуданд. Ба онҳо техникаи наҷот ва таҷҳизоти садамавиву наҷотро нишон доданд.
Бачаҳо бо як ҷаҳон майлу шавқ таҷҳизоти болои мошини иктишофоти кимиёвиву радиатсиониро, ки дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” насб шудааст, тамошо карданд.
Баъдан наҷотдиҳандагон амалҳоеро аз ҷараёни корҳои имдодӣ дар ҳолатҳои фавқулодаи гуногун ва расонидани аввалин ёриҳои тиббиро нишон доданд. Ҳамчунин бачаҳо имкон доштанд филм дар бораи фаъолиятҳои Кумитаро низ тамошо кунанд.