Тамринҳои фармондеҳӣ-ситодии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба анҷом расиданд. Ин тамринҳо дар се марҳила тарҳрезӣ ва аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ роҳандозӣ шуданд.
Дар тамринҳо ҳолате интихоб шуд, ки маъмулан баъди заминларза рух медиҳад: харобии бинову иншоотҳо чун омилҳо, таъсири сӯхторҳои парешон, шуруи бемориҳои сироятӣ, хароб гардидани инфраструктураи коммуналӣ ва ҳамлу нақл дар маҳалҳои истиқоматӣ ва ғайра.
Кормандони Раёсати КҲФ амалҳои якҷояро дар мавриди хабардоркунӣ ва ҷамъ овардани ҳайати роҳбарӣ ва хадамоти наҷот, объектҳои иқтисодӣ, гирд овардани маълуот дар бораи вайронаҳо ва табодули иттилоро мавриди коркард қарор доданд. Ғайр аз ин наҷотдиҳандагон амалҳоеро ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода анҷом доданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна тамринҳо бо мақсади такмили донишҳо ва малакаҳои Низоми ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода гузаронида мешаванд.