Пагоҳ, ҷумъа, рӯзи аввали моҳи ноябр, оғози сюмин ва охирин моҳи тирамоҳ. Ҳисс мешавад, ки Тоҷикистон ҳам ба оҳистагӣ ба оғӯши сарди зимистон худро омода мекунад. Аз рӯз ба рӯзи дигар ҳаво сардтар мешавад, боронҳои тирамоҳӣ ҳам шуруъ шудаанд, ҳатто дар пойтахти кишвар ва навоҳии гарми вилояти Хатлон ҳам аз боришоти дарозмуддату кутоҳмуддат хабар дода мешавад. Гармо тадриҷан ҷойи худро ба сармо медиҳад.
Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки ҳарчанд ҳарорати шабона дар кулли минтақаҳои кишвар сард аст, рӯзҳо ҳам гармии пешинро надоранд. Аз бориши борон дар баъзе ноҳияву шаҳрҳо ва резиши барф дар баландиҳои то 2500 метр гузориш дода мешавад.
1-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ, борон меборад ва баъзан ин борон шиддати бештар дорад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 8+10°, рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳаво абрӣ ва дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Бориши барф шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр низ имкон дорад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12°, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8°, рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбанда, вале бе бориш дар назар дошта шудааст.Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/c, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то15-20 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10°, рӯзона 20+22° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), вале дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кутоҳмуддат меборад ва дар баландиҳои бештар аз 2500 метр барф мерезад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10°, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ҳолатҳо борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 10+12° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10° сард, рӯзона 5+7° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ҳам меборад, аммо рӯз бебориш мегузарад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+ 5°, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона 8 - 13° сард, рӯзона 2+7° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои тағйирёбанда, бориш чандон назаррас нест. Ҳаво шабона 11+13°, рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12°, рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14°, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11°, рӯзона 18+23° гарм мешавад.