Ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолият ва баргузории ҷаласаи Комиссияи вилоятии ҲФ дар Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолияти Раёсат баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумита полковник М. Салимзода ширкат намуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои Раёсат шунида шуд. Полковник М.Салимзода зимни суханронии худ ба камбудиҳо дар кори як қатор сарварони  шуъбаҳо ишора кард ва барои бартараф намудани он вақт муайян намуд.  Дар ин ҷаласаи диққати асосӣ ба омодагиҳо ба давраи тирамоҳ ва зимистон равона шуд.

Дар нимаи дуюми рӯз дар Ҳукумати вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини Раиси Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода У.Зоҳирзода ва муовини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода ҷаласаи Комиссияи вилоятии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ баргузор градид. 

Дар ҷаласа аъзои комиссия, роҳбарони ноҳияҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳяитдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода иштирок намуданд. 

Дар рафти ин ҷаласа масъалаҳои ташкили кори зерсистемаи ҳудудӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар қаламрави вилоят баррасӣ шуданд. 

Ба маълумоти иштирокдорон пешбинии пешакии инкишофи вазъ дар қаламрави вилояти Хатлон расонда шуд. Сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон полковник С. Исозода  қайд намуд, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода кормандони Раёсат дар ҷойҳо ва минтақаҳои осебпазир мониторингҳо мегузаронанд. Ҳамчунин пайваста тафтиши маҷмӯии хабардоркунии аҳолӣ гузаронида мешавад.  Мавсуф дар бораи роҳандозии корҳои тозакунии селроҳаҳо, ҷӯйборҳо, панҷараҳо дар селгузарҳо нақл кард. 

Дар ҷараёни маҷлис системаи хабардоркунии аҳолӣ нав карда шуд, амалҳо оид ба интиқоли одамон дар ҳолатҳои фавқулода, ҷойҳои муваққатии ҷобаҷокунии одамон ва ҳайвонот муайян гардид, роҳу шеваҳои таъмини одамон бо ғизо, ашё, хӯрок барои ҳайвонот  ва ғайра низ мавриди коркард қарор гирифтанд.

Дар масъалаҳои мавриди баррасӣ қароргирифта ба ҳама хадамоти дахлдор супоришу тавсияҳо дода шуданд. 

барчасп: