Чанд лаҳза пеш дар Боғи ба номи Алишери Навоии пойтахт озмуни беҳтарин тасвири кӯдакону наврасон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ба поён расид. Ин аввалинбор нест, ки атфол назари худро оид ба оқибатҳои фоҷеабори офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар нигораҳои худ иброз медоранд. Соли гузашта низ ҳамин гуна чорабинӣ ва он ҳам дар боғи ба номи Алишери Навоӣ бо ширкати густардаи кӯдакону наврасон доир шуда буд.
Ин чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо доир гардид, ки ҳамасола дар саросари олам рӯзи 13-уми октябр баргузор мешавад. Ташаббускори он Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳамроҳ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе ва маблағгузории Хазинаи кӯдаккони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Ҳамчуноне ишора шуд, ин озмун дар Боғи ба номи Алишери Навоӣ сурат гирифт ва дар он кӯдакону наврасони аз 6 то 16-сола ширкат намуданд. Дар расмҳои худ иштирокдорон аз фаъолиятҳои ҳамарӯзаи наҷотдиҳандагон, дидгоҳҳои худ дар бораи сӯхтор, ҳолатҳои фавқулоддаи гуногун, қоидаҳои амал дар офатҳои табиӣ ҳикоят карданд ва ҳама тасаввуроташон дар ин мавзуъҳоро дар қолаби расмҳои ҷолиб пешкаш намуданд.
Ҳадафи аслии роҳандозии чорабинӣ ин маҳбубияти фарҳанги беҳдошту амният миёни насли наврас аст, ба таваҷҷӯҳи ҷомеа расонидани муҳим будани вазифаҳои пешгирӣ ва роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ва бахусус миёни он бахши манотиқи кишвар, ки ба хатари эҳтимолии офатҳои табиӣ, экологӣ ва технологӣ рӯ ба рӯ мебошанд.
Дар поёни озмун ба ғолибон ва ширкаткунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.