Аз хатари ҷиддии офатҳои табиӣ низ метавон пешгирӣ кард

Оё метавон аз хатари офатҳои табиӣ пешигирӣ кард ва ё ҳаддиақал онро коҳиш дод? Ин суоле буд, ки дар мулоқот бо мардум кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд дар миён гузоштанд. Ва посух ҳам мусбат буд. Оре, метавон. Ва мисоли ин амали як чӯпонбачае буд, ки соли гузашта дар Амондараи Панҷекат аз худ нишон дод.

Рӯзе қабл бо дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи машғулиятҳои худомўзӣ бо кормандони ва хизматчиёни Мақомоти иҷроия машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуданд.

Сардори маркази таълимӣ-методӣ подполковник Муҳиддин Абдусамадов дар ин мулоқот ба фаъолияти Раёсат ва воҳидҳои сохтории он соли ҷорӣ, ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли ҷорӣ ба амал омаданд, амали аҳолӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, дастовардҳои Кумита, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, хадамоти мудофиаи гражданӣ, қонуну қарорҳои соҳавӣ, кўчонидани одамон аз минтақаҳои хавфнок, минтақаҳои хавфноки ҳудуди вилоят ба ширкаткунандагон маълумоти оморӣ пешниҳод намуда, қайд намуданд, ки баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш ҳамарўза аз тарафи кормандони Раёсат корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда, чорабиниҳои пешгирикунанда амалӣ карда мешаванд.

Вай ҳамчунин иброз дошт, ки офати табииро пешгирӣ карда мешавад, вале сад афсўс пешгўӣ кардан имкон надорад. Ин аст, ки баҳри таъмини бехатарии аҳолии дар минтақаҳои осебпазир ҷойгир буда, аз тарафи Роҳбарияти Кумита чорабиниҳо, машқу тамринҳо бо аҳолии дар минтақаҳои осебпазир ташкил ва гузаронида мешаванд, ҷадвали навбатдории шабонарўзӣ аз ҳисоби кормандони ҷамоатҳо тартиб дода шуда, системаҳои огоҳсозии саривақтӣ таҳия карда шуда, нақша ва нуқтаҳои кӯчонидани аҳолӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Ба мисоли оддӣ ба иштирокдорон ҳодисаи фавқулоддае, ки дар шаҳри Панҷакент деҳаи Амондара ба амал омада буду бо огоҳсозии саривақтӣ аз тарафи чўпонбача аҳолӣ аз омадани сел огоҳ шуданду сари вақт ба минтақаи бехавф кўчонида шуданд, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Чунин ҳушёриву зиракии як нафар боис гардид, ки ҷони 100-ҳо нафар аз хатар эмин гардад. Боиси ифтихор аст, миллати бо нанги мо чунин мардони бошарафро дорост.

Баъдан сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат лейтенант Шаҳзода Бутаева оид ба рўзи 13 – октябр Рўзи байналмиллалии паст карда хавфи офатҳои табиӣ ба ширкаткунандагон маълумот дода, аз нишастагон даъват ба амал овард, ки дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ гузаронида, саҳми худро дар пешгирии ҳодисаҳои нохуш гузоранд. Ҳамзамон аз шахсони масъули мақомот оид ба таъмини бехатарии кормандон дар мавсими зимистон, ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, истифодаи таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ба ширкаткунандагони машғулият варақаҳо, китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд. 

Инчунин дар машғулият кормандони маркази таълимии хадамоти оташнишонӣ низ ширкат варзида, амал ҳангоми сар задани оташ, тарзҳои хомўш кардани оташ, қоидаҳои истифодаи воситаҳои сўхторхомўшкуниро ба ширкаткунандагон омўзониданд.

Машғулият дар фазои орому осуда баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд. 

барчасп: