Мулоқот дар Шаҳристон

Вобаста ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида «Рўзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо”, санҷидани омодагии муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, ташкилоту корхонаҳо ба давраи зимистон, ташкили мулоқоту вохӯриҳо, роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии онҳо ба мавсими сармо  кормнадони Раёсати Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон бо хонандагону омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ 3 ба номи Нуриддин Ҳотамбоев деҳаи Навкент ҷамоати деҳоти Бунҷикат дарси кушод баргузор намуданд.

           Дар ҷараёни дарси кушод, ки ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо  бахшида шуда буд, сардори бахши ноҳияи Шаҳристон майор Хуршед Муродов ба хонандагон вобаста ба ин рӯз, ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар вилояти Суғд ҳамасола ба вуқўъ меоянд, ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди ноҳия бештар ба қайд гирифта мешаванд, чорабиниҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда, амали аҳолӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, ёрии аввалини тиббӣ ба зарардидагон, наҷот додани худ ва атрофиён маълумот дода, афзуд, ки пешгирии ҳолатҳои фавқулодда беҳтар аз бартарафсозии он, аз ин лиҳоз мо бояд якҷоя амал намуда, чорабиниҳои пешгирикунанда ба монанди тоза намудани селроҳаҳо, каналу ҷўйборҳо аз партову сангу шағал, шинондани дарахтон дар селроҳаҳо, фаъолона ширкат варзем.

           Ҳамзамон таъкид гардид, ки вобаста минтақаи кўҳӣ будани ноҳия сардшавии ҳарорати ҳаво ба назар расида истодааст, дар ҳамин иртибот бояд қоидаҳои оддитарини истифодаи таҷҳизотҳои барқиву гармидиҳӣ, оташдон ва дигар таҷҳизотҳои газиву барқӣ риоя шаванд. 

  Самиев Н - намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва Оқйигитов М. директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ №3 ба номи Нуриддин Ҳотамбоев ба Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили ин мулоқоти судмант изҳори сипос карданд.

 

Ш.Бутаева, Сардори бахши

кор бо ҷомеъаи Раёсат,

лейтенант                                   

барчасп: