Рӯзҳои 9-10 октябри соли 2019 кормнадони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо чорабиниҳо роҳандозӣ карданд. Ҳадафи ин табдирҳо баланд бардоштани огоҳиҳои мардум дар бораи офатҳо ва роҳу равишҳои коҳиши хатар ва бартараф кардани он мебошад.
Чунончӣ, рӯзи 9 октябр дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо 20 директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт таҳти шиори “Дониш барои ҳаёт” мулоқот баргузор шуд. Ҳадафи ин мулоқот боло бурдани сатҳи огоҳиҳои роҳбарони мактабҳо дар самти менеҷменти коҳиши хатари офатҳо буд ва онҳо дар ҷараёни он бо усулҳои нави интиқоли бачаҳо ба маконҳои амн ошно карда шуданд.
10 октябр бошад дар муассисаи таҳсилоти умумии № 45 пойтахт тамрини амалӣ ва дарсҳои беруназсинфӣ гузаронида шуд, ки дар доираи он кормандони Раёсати КҲФ малакаву маҳорати вокуниш ва расонидани аввалин кумак дар ҳолати фавқулодаро тамрин карданд. Ба хонандагон роҳу усулҳои расонидани ёриҳои аввалини тиббиро нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо баҳонаест, ки таваҷҷуҳи аҳолиро ба мушкилоти офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ҷалб мекунанд. Офатҳои табиӣ барои рушди кишварҳо ва минтақаҳо хатарҳои азим доранд ва аҳолиро лозим меояд ҳамеша омода бошад, то дар ҳолатҳои фавқулода дурусту саривақтӣ вокуниш нишон бидиҳад.