Зану шавҳари лаҳистониро дар кӯҳҳои Помир наҷот доданд

Боз ду гардишгари хориҷӣ бо талоши кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатар наҷот дода шуданд. Ин ду тан зану шавҳар аз Лаҳистон будаанд, ки бо мошин бо убур аз роҳи Мурғоб мехостанд ба шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон расанд.

3 октябри соли 2019 тахминан соати  14:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки тахминан дар наздикии ноҳияи Қаракӯл ва Мозкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ ду сайёҳони лаҳистонӣ сигнали  «SOS» равон карданд.

Кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб ва гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаи Қаракӯл ба ҷойи ҳодиса эъзом шуданд. Онҳо соати 15:40 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ҷабрдидагон иртибот барқарор намуданд. Маълум гардид, ки яке аз онҳо Богдан Гас ном дошта, 38-сола будааст ва ҳамсараш Иванна Гиришска 34 сол доштааст.

Ин зану шавҳар бо мошин сафар кардаанд ва роҳи онҳо аз тариқи ноҳияи Мурғоб мегузашт ва баъдан мебоист ба шаҳри Оши Қирғизистон мерафтанд. Вале то ҷойи муайяншуда нарасида, муҳаррики мошин аз кор монд. Онҳо гуфтанд, ки саломатанд ва ба ҳеч кумаки тиббӣ ниёз надоранд. 

Барои расонидани ёрӣ ҷиҳати таъмири мошини сайёҳон кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб онҳоро ба деҳаи Қарокӯли ноҳияи Мурғоб оварданд. 

барчасп: