Мулоқоти ҳайати шахсии КҲФ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

5 октябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Директори Академияи ВАО Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон баргузор шуд.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода ҳайати шахсии КҲФ-ро ба Рӯзи забони давлатӣ муборакбод кард ва дар бораи фаъолияти Иттифоқи журналистон ва Академияи ВАО суҳбат намуд. 

Ғайр аз ин дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати шахсӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” маълумот дода шуд.

Аз ҷумла, сарвари журналистони кишвар қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” бар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст асос ёфтааст ва ҳадафи қабули ин қонун ҳимояи ҳуқуқҳо ба озодии баён ва озоди воситаҳои ахбор мебошад. 

Дар поёни мулоқот муовини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ба З.Исмоилзода барои ин дидор ва суҳбат изҳори сипос намуд.

барчасп: