Дар шаҳри Гулистон низ Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо таҷлил шуд

Дар ин шаҳр масъулини бахши Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо ҳамдастии Шуъбаи маорифи ноҳия ва намояндагии Раёсати кор бо ҷавонон ду озмун роҳандозӣ карднд. Дар яке маҳорати таблиғ арзёбӣ шуд ва дар дуюмӣ наққошиҳои наврасон дар мавзуъи офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистони вилояти Суғд озмунҳои “Беҳтарин дарси кушод”, “Рассоми беҳтарин” баргузор гардид.

        Озмуни мазкур дар асоси Нақша-чорабиниҳои бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Гулистон ташкил гардида, дар ҳамкорӣ бо шўъбаи маориф, намояндагии Раёсати ҷавонон дар шаҳр гузаронида шуд.

Дар озмун тамоми муассилини шаҳр ширкат варзида, аз рўи шартҳои он донишҳои худро доир ба ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохӯш, расонидани ёрии аввалин ба зарардидагон маҳорати худро намоиш доданд. Яке аз шартҳои озмун он буд, ки нақл шавқовар ва ҷолиб бошад, то таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ кашад.

        Инчунин дар байни хонандагон озмуни «Расми беҳтарин» ва «Дастони моҳир» дар мавзўи «Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда» гузаронида шуд, ки хонандагон бо шавқу завқи хоса кори эҷод кардаи хешро пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд.  

 Дар охир бо ширкати сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов  озмун натиҷагирӣ гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

Ҷои аввал муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14, ҷои дуюм ба Гимназияи №1 шаҳр сазовор гардиданд. Ғолибон бо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

 

      Шоҳзодахон Бутаева,

Сардори бахши кор бо ҷомеъаи Раёсат,

     лейтенант                              

барчасп: