Зарфи 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 557 ҳодисаҳои гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шудаанд ва ба хоҷагии халқ ва иқтисоди вилоят 14 миллиону 346 ҳазору 72 сомонӣ зарар расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2018 дар ҳудуди вилоят 532 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 106 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Ин рақамҳо дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд эълон гардид. Сардори шўъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсат майор Зуҳриддин Нуралиев зимни суханронии худ гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2018 ҳодисаҳои фавқулода 16 миллиону 309 ҳазору 803 сомонӣ зарар расонда буд.
Дар нўҳ моҳи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 9 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 (се) ҳодиса зиёд мебошад. Чунончӣ, 13 январи соли 2019 дар натиҷаи лағзиши тарма дар деҳаи Роғичи ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент 2 нафар сокинони деҳа ба ҳалокат расиданд. 17 январ бошад боз ҳам бар асари лағзиши тарма дар деҳаи Ҳафтрӯди ҷамоати деҳоти Шинги Панҷекат 1 нафар сокини деҳа ҳалок шуд.
5 апрели соли 2019 сел дар ноҳияи Деваштич ба маблағи 174 ҳазору 560 сомонӣ зарар расонд.
24 апрели соли 2019 сол дар резиши санг дар километри 155-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ авомашинаи тамғаи Тойота Ленд Крузер Прадо зарар дид ва шаҳрванди 41-солаи пойтахти кишвар ба ҳалокат расид.
Дар маҷмўъ зарфи нўҳ моҳи соли 2019 офатҳои табиӣ 7 шаҳрванди вилоятро ба ҳалокат расонданд.
Дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ наҷотдиҳандагони дар 78 амалиётҳои наҷот, кофтуков, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи масъалаҳои марбут ба давраи тирамоҳ ва зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шазодахон Бутаева,
сардори бахши кор бо
ҷомеъаи Раёсат, лейтенант.