Наҷоти се нафар дар як садамаи фоҷеабор

Ҷавонони мошинсавор бештар ҳаракатҳои тунд мекунанд, бо суръати баланд мошин рондани онҳо дар аксар ҳолатҳо сабабгори садамаҳои фоҷеабор шудааст. Хабаре, ки пайи шарҳу тафсираш ҳастем, аз ҳамин бора ҳикоят мекунад. Ҷавони 23-сола бо суръати баланд мошин ронда, дар роҳи ҳамвор натавонист аз уҳдаи идораи он барояд ва ба майдони пахта чаппагардон шуд. Фаврияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷони се нафарро аз марг наҷот дод. Вале агар онҳо ҳам сари вақт намерасиданд чӣ?

Зарфи шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар се нафарро наҷот доданд ва барои боз кардани як дари баста кумак намуданд.

Соати 19:03 дақиқаи 6 – уми ноябр дар километри 294 роҳи мошингарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва садама ба вуҷуд омад. Ронандаи 23-солаи мошини тамғаи Опел “Астра”, ки сокини ноҳияи Истаравшан будааст, аз уҳдаи идораи мошинаш, ки бо суръати баланд меомад, набаромада, ба майдони пахтазор парид ва чанд бор тоб хӯрд. Ҳангоми ин ҳодисаи нохӯш дар мошин ду нафари дигар низ менишастанд, ки яке сокини шаҳри Гулистон ва дуюмӣ бошандаи Истаравшан будааст. 

Дар баробари расидани хабар Дастаи зудамали наҷотдиҳии КҲФ дар вилояти Суғд фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Бо истифода аз дастгоҳҳои гидравликӣ дарҳои мошинро боз карданд ва ҷабрдидагонро зинда аз мошин берун оварданд. Ба онҳо ёрии аввалияи тиббиро расонда, баъдан ба табибоне, ки бо мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир шуда буданд, супурданд. 

Худи ҳамон рӯз аз шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар яке аз хонаҳои бисёрошёна дари оҳанӣ сахт баста шудааст. Кормандони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба хонаи ёдшуда расиданд ва ва дар як муддати хеле кутоҳ бе ягон осеб дарро боз карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар  ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт муроҷиат мекунад, ки хеле ҳушёру зирак бошанд, дар истифодаи нақлиёт аз эҳтиёт кор гиранд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, суръати ҳаракатро баланд накунанд.

Дар сурати рух додани рӯйдоде ба рақамҳои 112 ва ё 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: