Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ғолибони радиовикторинаи “Фарогирӣ ва коҳиши хатари офатҳо”-ро, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши офатҳо баргузор шуда буд, мукофотҳои худро соҳиб шуданд. Шаш нафар аз ҷумлаи ғолибони ин викторинаи радиоӣ бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки ин викторина аз тариқи радиои “Ватан” сурат гирифт ва аз миёни ширкаткунандагони зиёд шаш нафар ғолиб дониста шуданд.
Ҷонишини Раиси КҲФ полковник М.Салимзода ғолибонро муборакбод намуд ва қайд кард, ки даҳрӯзаи чорабиниҳои гузашта як ҳадафи аслӣ дошт: баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ ба офатҳои табиӣ, амалҳои зарурӣ барои коҳиши зарар ва хатари офатҳо. Ҷонишини раиси Кумита ҳамчунин зикр кард, ки ин чорабиниҳо ҳамзамон дар доираи татбиқи амалии Стратегияи миллии коҳиши хатари оватҳо барои солҳои 2019-2030 роҳандозӣ шуданд.
Гуфтанист, ки 18 октябри соли 2019 дар фарҷоми даҳрӯзаи коҳиши хатари офатҳо радиои “Ватан” барномаеро бо номи “Фарогирӣ ва коҳиши хатари офатҳо” пахш карда буд, ки дар он коршиносон ва намояндагони ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият”, Кумитаи занони СММ, Барномаи Рушди СММ бо сармоягузории Агентии швейсарии рушд ва ҳамкорӣ ширкат намуданд. Дар барномаи наздик ба 30 савол ба шунавандагон пешкаш шуда буд.