Сарраёсати мудофиаи гражданӣ ва на танҳо он

Дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сарраёсати мудофиаи гражданӣ аз калонтарин ва қадиматарин бахшҳо ба ҳисоб меравад. Солҳову асро инсоният талош кардааст, ки ба муқобили рӯйдоҳои ногувор, офатҳои табиӣ ва ғайра муқовимат кунад. Роҳу шеваи ин муқовимат аз оғоз то ба имрӯз гуногун будаву зина ба зина ташаккул ёфтааст.

        Дар баробари хисороти беандозаи оқибатҳои ногувори ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ва муноқишаҳои ҳарбии замони нав, ки ба мавҷудияти инсоният, табиат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлатҳо зарари зиёд мерасонид, мунтазам тақозо менамояд, ки инсоният роҳҳои нави чорабиниҳои муҳофизатиро ҷустуҷў намояд. Пас аз барҳам хурдани давлати Иттиҳоди Шуравӣ, тақдири ҷумҳуриҳои таркибии он, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри худ монда шуд.    

       Вазъи ноустувори иқтисодӣ ва сиёсии кишвар аз роҳбарияти кишвар талаб менамуд, ки ҳарчи зудтар ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ, марзу бум ва сарватҳои миллии давлати тозабунёд аз хатарҳои офатҳои табиӣ ва муноқишаҳои ҳарбӣ сохтори наверо, ки махсус баҳри амалӣ намудани сиёсати давлати дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ зарур мебошад, ташкил намояд.

       Бо ҳамин мақсад дар заминаи Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994, № 400 «Дар бораи таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва корҳои мудофиаи граждании назди Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар асоси қарори мазкур яке аз сохторҳои асосӣ ва пешбарандаи Кумита ин Сарситоди Кумита ба шумор мерафт, ки он аз Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ, Раёсати ташкилию сафарбарӣ, шуъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва шўъбаи тайёрӣ ва омўзиши аҳолӣ иборат буд.

Суханро дароз намекунем. Барои ошноии бештари шумо, хонандагони азиз, як матлаберо ин ҷо мегузорем, ки аз фаъолияти на танщо Сарраёсати мудофиаи гражданӣ, балки бисёре аз воҳидҳои КҲФ аз соли 1994 то ба имрӯз муфассал ҳикоят мекунад. 

Ба фаъолияти Сарраёсати мудофиаи гражданьӣва нищҳодҳои дигари КҲФ ин ҷо шинос шавед: 

Қисми 1

Қисми 2,

Қисми3