Ҳалокати 74 нафар дар қатори оташгирифтаи Покистон (видео)

Бино ба охирин иттилои расида шумори мусофирони ҳалокшуда дар қатори оташгирифтаи Покситон ба 74 нафар расидааст. Ин қатор дар қаламрави вилояти Панҷоб оташ гирифтааст ва бино ба хабари Geo News дар се вагони оташгирифта 200 нафар мусофирон сафар мекарданд.

Вазири роҳи оҳани Покистон Шайх Рашид Аҳмад хабар додааст, ки сабаби оташсӯзӣ дар қатор инфиҷори капсулҳои газ дар вагон будааст. Онро мусофирон дохили қатор карда буданд. 
Ин мудҳиштарин ҳодиса дар шабакаи роҳи оҳани Покистон дар 14 соли гузашта будааст.  
Вазири роҳи оҳан теъдоди захмишудагонро ҳудудан 20 нафар гуфтааст. Аксари ҳалокшудагон онҳое буданд, ки ҳангоми оташ гирифтани қатор саросмавор худро аз вагон берун андохтанд.

Видео