Activities calendar

07 ноября 2019

ПАЙМОНИ ДУРӮҒИНИ МИЛЛӢ – ФАРЗАНДИ НОТАНИИ ТТЭ ҲНИ

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти иртиҷоиву динии экстремистӣ - террористиро яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ донистааст. Дар мубориза бар зидди чунин равандҳои номатлуб, ки ба оромиву осудагии мардум хатару таҳдидҳои бебаргашт эҷод мекунанд, табақаи равшанандешони тоҷик дар сафи пеш қарор доранд.